Jump to content

Раҳоии Хофӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раҳоии Хофӣ

Мавлоно Саъдуддин Раҳоии Хофӣ (форсӣ: سعدالدین رهایی خوافی[1]; ? — 1575/76) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз авлоди орифи машҳур Зайнуддини Хофӣ (вафот 1435). Доир ба ҷараёни зиндагиаш маълумоте дастрас нест. Чун дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст, ӯро Раҳоии Ҳиравӣ низ гуфтаанд. Раҳоии Xофӣ шоири соҳибдевон буда, девонаш шӯҳрати зиёде доштааст. Мувофиқи ахбороти Саид Нафисӣ «Хамса»-и Низомиро тақлид карда. Дар китобхонаҳои ҷаҳон аз осори шоир чанд нусха дастнависи девони ғазалиёт ва қасоид ва як нусха достони «Лайли ва Маҷнун»-и ӯ қайд шудааст. Ин достон дар китобхонаи Бодлеан (Англия) маҳфуз аст.

  1. سعدالدین رهایی خوافی. rasekhoon.net. 17 апрели 2024 санҷида шуд.
  • Раҳоии Хофӣ / С. Асадуллоев // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).