Jump to content

Раҷабалии Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раҷабалии Табрезӣ
Таърихи таваллуд: асри XVII
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1670
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: файласуф, нависанда
Забони осор: форсӣ

Раҷабалии Табрезӣ (форсӣ: رجبعلی تبریزی‎; асри XVII, Қум ё Табрез1670) — ориф, нависанда, ҳаким ва файласуфи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вай дар назди Шоҳ Аббоси II ва Шоҳ Сулаймони Сафавӣ ҷойгоҳи махсусе пайдо карда буд; ба тавре ки Шоҳ Аббос барои дидор бо Раҷабалӣ, худаш ба хонаи вай мерафт ва бо ӯ мулоқот менамуд. Мирфандроскӣ ва Мирдомодро аз устодони ӯ баршумурдаанд. Пас аз касби дараҷаи иҷтиҳод дар Бағдод, ба риёзат ва тазкияи нафс рӯй овард. Назарияи ӯро мувофиқ бо мактаби машшоъӣ ва наздик ба мазҳаби Исмоилия ва Мӯътазила донистаанд. Ӯ яке аз муҳимтарин назарияпардозони илоҳияти танзиҳӣ дар фалсафаи шиъӣ аст. Вай аз ҷойгоҳи махсусе назди мардум ва давлатмардон бархурдор буд.

Раҷабалӣ дар мадрасаи Шайх Лутфулло машғул ба таҳсил шуд ва ба далели ҳуш ва заковати боло, дар тӯли чанд сол машҳур гашт ва мавриди эҳтироми ҳамагон қарор гирифт. Аз шогирдони вай метавон ба Амир Қивомуддин Муҳаммад Исфаҳонӣ, Қозӣ Саид Қумӣ, Муҳаммадҳусайн Саид Қумӣ, Муҳаммадрафеъ Пирзода, Мулло Муҳаммад Туникобунӣ ва Мулло Муҳаммад Шафеъи Исфаҳонӣ ишора кард.

Осори мутааддиде аз Раҷабалӣ боқӣ мондаанд, ки «Исботи Воҷиб», «Аломаъорифи Аллоҳия», «Девони Воҳиди Табрезӣ», «Тафсири Ояталкурсӣ» ва «Китоб фӣ-л-ҳикма» аз муҳимтарин онҳо мебошанд.

  • فنا، فاطمه. «تبریزی». دانشنامه جهان اسلام. دریافت‌شده در ۱۹ نوامبر ۲۰۱۱.