Реквизитсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Реквизитсия - аз ҷониби давлат бо додани арзишаш бо таври маҷбурӣ барои эҳтиёҷоти давлат ё ҷамъият аз молик гирифтани чизу чора. Ин чорабинӣ танҳо дар мавридҳо ва бо тартиби муайянкардаи қонун иҷозат дода мешавад. Дар қарор оид ба реквизится бояд ноҳияе, ки ин чорабинӣ дар он мавқеъ гузаронида мешавад, категорияи амволе, ки реквизитсия карда мешавад, тарзи гузаронидани реквизитсия ва ғ. бояд пешбинӣ карда шавад. Арзиши амволи реквизитсияшударо дар тӯли як моҳ он мақомоте медиҳад, ки чизу чораи реквизитсияшуда ба фоидаи вай меравад.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 396