Рене Груссе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рене Груссе
фр. René Grousset
René Grousset.jpg
Таърихи таваллуд: 5 сентябр 1885(1885-09-05)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 12 сентябр 1952(1952-09-12)[1][2][3][…] (67 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Рене Груссе (фр. René Grousset; 5 сентябр 1885[1][2][3][…], Aubais[d], Департаменти Гар12 сентябр 1952[1][2][3][…], 8th arrondissement of Paris[d]) — таърихнигор, шарқшиноси фаронсавӣ, узви академияи Фаронса (1946).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми Донишгоҳи Монпелйе солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-18) дар сафи артиши Фаронса хидмат намуд. Аз соли 1995 узв ва роҳбари осорхонаи Гиме, директори осорхонаи Чернуски Порис (аз 1933), ҳамзамон муҳаррири масъули маҷаллаи «Осиё», профессори Мактаби забонҳои шарқии Порис (аз 1941) ва яке аз бунёдгузорони Анҷумани мутолиоти Эрон буд. Самтҳои асосии таҳқиқоташ ба омӯзиши масъалаҳои таъриху тамаддуни кишварҳои Шарқ, аз ҷумла Чин, Ҷопон, Ҳинд, Муғулистон бахшида шуда, тафовутҳои тохтутози Аттила, Чингизхон ва Темурро дар кишварҳои Осиё баррасӣ кардааст. Аз осори Г. китобҳояш «Тамаддунҳои Машриқзамин» (се ҷилд, 1921-23), «Таърихи ҷангҳои салибӣ ва шоҳии франкҳо дар Байтулмуқаддас» (1934-36), «Империяи саҳронишинон: Аттила, Чингизхон ва Темурланг» (1938) ва "Чингизхон " (1944) ба чандин забонҳо тарҷума шудаанд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Histoire de l’Asie, 3 tomes, 1921—1922;
  • Histoire de la philosophie orientale. Inde, Chine, Japon, 1923;
  • Le Rеveil de l’Asie. L’impеrialisme britannique et la rеvolte des peuples. Paris, 1924;
  • Histoire de l’Extrеme-Orient, 1929;
  • Sur les traces du Bouddha, 1929;
  • Les Civilisations de l’Orient, 1929—1930;
  • Nаdir Shаh, 1930;
  • Philosophies indiennes, 1931;
  • Histoire des croisades et du royaume franc de Jеrusalem, 3 tomes, 1934—1936;
  • L’Empire des steppes, Attila, Gengis-Khan, Tamerlan, Paris, 1938;
  • L’Еpopеe des Croisades, Paris, 1939;
  • L’Empire mongol, E. de Boccard, 1941;
  • Histoire de la Chine, 1942;
  • Le Conquеrant du monde, Vie de Gengis-Khan, 1944;
  • Bilan de l’Histoire, 1946;
  • Histoire de l’Armеnie des origines а 1071, Premiуre еdition, 1947;
  • L’Empire du Levant, 1949;
  • Figures de Proue, 1949;
  • La Chine et son art, 1951;
  • L’Homme et son histoire, 1954.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]