Jump to content

Рений

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рений аз калимаи лотинии «Rhenus» гирифта шуда, маънояш «Рейн» аст. Бори нахуст аз тарафи олимони В. Ноддак, И. Таке ва О. Берг дар Олмон кашф карда шудааст. Металл дорои ранги хокистари сафедчатоб буда,ба қатори металлҳои вазнин (зичиаш 21,03 г/см3) шомил аст. Душворгудоз буда, дар ҳарорати 31900С гудохта мешавад. Дар табиат ба шакли пароканда во мехўрад. Хўлаҳои рений бо волфрам, молибден, тантал ба ҳарорати аз ҳад зиёд тобоваранд ва барои сохтани қисмҳои асосии тайёра (самолёт)-ҳои суръаташон аз суръати садо баландтар, ракетаҳо ва риштасимҳои сурхшаванда ва термобуғҳо истифода мешаванд. Агар сатҳи металлро бо рений моланд, онро аз зангзанӣ ва фарсудашавӣ ҳифз медорад. Катализаторҳое, ки аз суперхўлаҳои рений тайёр мекунанд, 20%-аш барои коркарди маҳсулоти нафтӣ ва 60% барои турбинҳои реактивӣ (двигателҳо) истифода мешаванд. Рений дар ҳарорати баланд (10000С) устувории суперхўлаҳои никелро баланд месозад; аз он барои сохтани тигелҳо, қубурҳои электронӣ барои мошинаҳо, асбобҳои гармидиҳанда, масс-спектрографҳо истифода мебаранд.

Сбор и обработка вторичного сырья цветных металлов : Учебник для вузов по специальности "Металлургия металлов" / Г. А. Колобов, В. Н. Бредихин, В. М. Чернобаев. – М. : Металлургия, 1993. – 288 с.

Инҷоро ҳам бингаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Рений дорад
  1. (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
  2. Lide, D. R., ed. (2005). "Magnetic susceptibility of the elements and inorganic compounds". CRC Handbook of Chemistry and Physics (PDF) (86th ed.). Boca Raton (FL): CRC Press. ISBN 0-8493-0486-5. 
  3. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4.