Jump to content

Реститутсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Реститутсия - барқароркунӣ, мазмуни барқароркунӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун барқароркунии вазъи пешинаи давлати зарардида, ки дар натиҷаи озод кардани қаламрави ғайриқонунӣ ишғолгардидаи худ баргардонидани моликияте, ки ғорат карда шуда, ғайриқонунӣ аз тарафи давлати таҷовузкор бароварда шудааст, ё ин ки дигар кирдори зиддиҳуқуқии байналмилалӣ ба амал омадааст, фаҳмида мешавад. Реститутсия - барқарор кардани ҳолати пештара, масалан, аҳде, ки шаҳрванд дар натиҷаи бемории рӯҳии ғайри қобили амал эътирофгардида бастааст, эътибор надорад. Ҳар яке аз тарафҳои чунин аҳд вазифадоранд, ки ба тарафи дигар тамоми амволи гирифтаашро дар шакли асл (натура) баргардонад ва дар сурати имконнопазирии дар шакли натура баргардонидани амволи гирифташуда арзиши онро бо пул ҷуброн намояд (б. 1 м. 196 КГ ҶТ).[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 397-398