Рехтагарӣ
Рехтагарӣ (порсӣ: ریختهگری ) — яке аз касбҳои қадимтарини тоҷикон буд.
Хӯлаи Фулузи биринҷӣ аз омехтаи мис ва қалъагӣ иборат буда, яке аз кашфиётҳои қадимтарини инсоният ба шумор меравад. Дар Осиёи Марказӣ низ он таърихи чандҳазорсола дорад. Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан устоҳои биринҷрезро «рехтагар» меномиданд. Фулузи биринҷиро рехтагарҳо дар корхонаҳои рехтагарӣ ба ҳисоби ба 5 мисқол қалъагӣ 7,5 мисқол миси сурх тайёр мекарданд. Ба ҳисоби дигар ба 1/3 қалъагӣ 2/3 мис ҳамроҳ карда мешуд. Биринҷиро дар зарфҳои бӯта, ки аз гили ба оташ тобовар сохта мешуд, мегудохтанд. Дар бӯтаҳои андозаашон маъмулӣ то 4 кг маҳлули фулуз ҷой мегирифтанд. Бӯтаҳоро худи устоҳои рехтагар месохтанд. Бӯта танҳо як маротиба истифода мешуд. Он то вақте ки дар болои оташ бошад, мустаҳкам меистод. Аммо вақте ки аз болои оташ онро гирифтанд ва сард шуд, зудшикан шуда, пора-пора мегардад. Бӯтаро бо пораҳои мису қалъагӣ ва порачае биринҷ пур карда, ба даруни кӯра, дар болои ангишт мегузоштанд. Кӯра оташдоне буд, ки баландиаш 75 см ва қутраш 40 см буд. Агиштро аз чӯби дарахтон тайёр мекарданд. Аз ҳама ангишти босифат аз решаи саксавул таҳия мешуд. Барои хӯларезӣ ду навъ қолиб ба кор мерафт. Қолибро аз чӯб ё аз гач ба сурати ашёи рехташаванда месохтанд. Қолиби дигар «тавонак» ном дошт, ки аз биринҷ рехта мешуд. Ҳангоми рехтани хӯла ҳар ду тарафи тавонак бо реги ширешдор (ба 10 кг рег 0,5 кг ширеш) пур карда мешуд. Чун рег сахт мешуд, дар щар ду парраи тавонак онро бо искана ва дигар асбобҳо кофта, қолиби лозимиро метарошиданд. Сипас тавонакҳо ба ҳам баста мешуд ва аз «даҳан» — сӯрохии махсуси тавонак хӯлаи биринҷро мерехтанд. Баъд аз сард гаштани ашёи биринҷӣ онҳоро бо сӯҳон соида, пардоз медоданд.
Ҷараёни рехтагарӣ тартиби муайян дошт: панҷ рӯз тайёрӣ медиданд ва ду рӯз корҳои рехтагарӣ анҷом меёфт. С. Айнӣ ёддоштҳояшро дар бораи корхонаи рехтагрии Бухоро нақл чунин кардааст: «Дар корхонаи шайх даҳ кӯра ва даҳ сандон буд, ки дар онҳо тахминан чил нафар одам кор мекард: баъзе аз онҳо дампахшкун, баъзеашон гудозгар, қолабгир, сӯҳонгар, бӯтасоз ва монанди инҳо шуда кор мекарданд. Моли хоми дар ин корхона сарфшуданӣ: мис, биринҷӣ, руҳ, қалъагӣ ва сурб барин фулузот (металлҳо) буд. Ангишташ — ангишти қандум буд, ки ангиштгарон аз чӯби дарахтони мевадор тайёр карда оварда медоданд. Қолибҳои чизҳои рехта-шуданиро аз реги сиёҳ месохтанд. Бӯтаҳо ба шакли қадаҳи хурду калон сохта мешуданд, ки фулузотро ба қадри даркорӣ ва мувофиқи талаби чизҳои рехта-шуданӣ майда карда, ба ҳам омехта, дар бӯта андохта, ба кӯра ниҳода мегудохтанд ва он фулузоти омехтаи гудохташударо ба қолибҳои чизҳои сохташуданӣ мерехтанд. Ин фулузоти омехта баъд аз гудохта шудан номи ҳар кадоми аҷзои таркибии худро гум карда, як номи нав мегирифт, ки вайро „хӯла“ мегуфтанд». Маҳсулоти корхонаи рехтагарӣ гуногун буд. Рехтагарон аз хӯлаи биринҷ — манқал, офтоба, кӯза, чойҷӯш, лаълӣ, миқрози шамъ, давот, зангӯлаи шутур, узангуи асп, ҳалқаву қуббаҳои дарвоза, зангӯлаи дастбандӣ барои раққосон ва монанди инҳоро месохтанд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. — Душанбе, 2014. — С. 55 — 57.