Риёзии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Риёзии Самарқандӣ

Мавлоно Имомуддин Риёзии Самарқандӣ (форсӣ: ریاضی سمرقندی[1]; ? — 1479, Самарқанд) — шоири форс-тоҷик ва аз намояндагони доираи адабии Ҳирот.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш ба таҳсили илм пардохт ва илмҳои маъмулии замонашро аз худ намуд. Пас аз касби камол ба Ҳирот сафар карда, ба даргоҳи Алишери Навоӣ роҳ ёфт. Ба қавли тазкиранависон Риёзии Самарқандӣ дар ҷавонӣ ба шеъргӯӣ шурӯъ намуд, дар байни аҳли илму адаб шӯҳрат ёфт ва ба унвони «Мавлоно» мушарраф гардид. Дар ҷавонӣ вафот кардааст.

То имрӯз аз эҷодиёти Риёзии Самарқандӣ 89 ғазал, 3 қитъа, 1 рубоӣ ва 8 фард аз 12 нусхаи дастнависи девони ӯ, ки дар китобхонаҳои ҷаҳон (Лондон, Бангола, Ленинград, Душанбе ва ғайра) маҳфузанд, ҷамъоварӣ шудааст.

Мавзӯи асосии эҷодиёти Риёзии Самарқандӣ ишқу ошиқӣ аст. Дар баъзе ғазалҳояш зиндагӣ, ҳасби ҳоли шоир, шикоят аз тақдиру сарнавишт ҷой доранд. Риёзии Самарқандӣ зоҳидони риёкорро танқиду мазаммат карда, ихлосмандии худро нисбат ба пири муғон, ки ифодакунандаи хушию хурамиҳои нақди ҳаёт аст, изҳор менамояд. Риёзии Самарқандӣ якчанд асарҳои ҳаҷвӣ низ иншо кардааст. Забони асарҳои Риёзии Самарқандӣ равону фасеҳ аст. Аз зарбулмасалу мақолҳои халқӣ истифода кардааст. Дар ашъори ӯ санъатҳои бадеии ташбеҳ, истиора, киноя, маҷоз, муболиға, тамсил ва ғайра фаровонанд. Риёзии Самарқандӣ хаттоти моҳире буд ва аз илми мусиқӣ низ вуқуфи комил дошт. Аз ин ҷост, ки баъзе ғазалҳои ӯ ба оҳанги мусиқӣ хеле мувофиқанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ریاضی سمرقندی. rasekhoon.net. 16 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Риёзии Самарқандӣ // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).