Руал Амундсен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Роалд Амундсен)
Jump to navigation Jump to search
Руал Амундсен
норвегӣ: Roald Amundsen
Сурат
Санаи таваллуд:

16 июл 1872(1872-07-16)[1][2][…]

Мамлакат:
Санаи марг:

предп. 18 июн 1928(1928-06-18)[1][2][…] (55 сол)

Соядаст:

Roald Amundsen signature.jpg

Commons-logo.svg Руал Амундсен дар Викианбор

Ру́аль Э́нгелбрегт Гра́внинг А́мундсен (норвегӣ: Roald Engelbregt Gravning Amundsen; 16 июли 1872 — 18 июни 1928) — қутбнавард ва тадқиқотчии норвежӣ.

Саёҳатҳо[вироиш]

Бори аввал (1903—1906) дар киштии «Йоа» ба воситаи гузаргоҳи Шим. Ғарбӣ аз Гренландия ба Аляска шино кард. Дар давоми ду сол дар ҷазираи Кинг-Вилями Арктикии Канада тадқиқоти муҳими геомагнитӣ гузаронд. Руал Амундсен соли 1904 дар нимҷаз. Бутия-Феликс Қутби магнитии шимолиро омӯхт ва аввалин шуда қариб 100 ҷазираи атрофи онро ба харита дохил кард. Соли 1911 бо киштии «Фрам» ба экспедитсияи антарктикӣ баромад; 14 — 16 декабр, 1 моҳ пеш аз экспедитсияи тадқиқотчии англис Р. Скотт ба Қутби Ҷанубӣ расид ва дар бозгашт қаторкӯҳи Маликаи Муд (баландиаш 4500 м)-ро кашф намуд. Баъди аз Антарктика баргаштан Руал Амундсен дрейфи Ф. Нансенро такрор карданӣ шуда, с-ҳои 1918 — 20 бо киштии «Мод» аз Норвегия қад-қади материки Евроосиё то гул. Беринг шино кард. Соли 1926 ба якумин парвози трансарктикии Шписберген — Қутби Шимолӣ — Аляска (ба тавассути дирижабли «Норвегия») роҳбарӣ намуд.

Соли 1928 ҳангоми ҷустуҷӯи экспедитсияи италиявии У. Нобиле дар Арктика ҳалок гардид.

Асарҳо[вироиш]

Руал Амундсен дар бораи саёҳатҳои худ якчанд асар навиштааст: «Парвоз аз болои Уқёнуси Яхбаста» (1927, бо ҳамроҳии Л. Элсварт таълиф шудааст), «Экспедитсия дар киштии „Мод“ қад-қади соҳилҳои шимолии Осиё» (1929), «Қутби Ҷанубӣ» (1937). Асарҳои мунтахаб (5 ҷилд, 1936 — 39) ва «Ҳаёти ман» (1959) ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Баҳр дар наздикии Антарктида, кӯҳ ва пойгоҳи қутбии америкоӣ (Амундсен — Скотт), инчунин халиҷ дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ба номи Амундсен гузошта шудаанд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]