Рован Аткинсон
Рован Аткинсон | |
---|---|
англ. Rowan Atkinson | |
![]() | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | англ. Rowan Sebastian Atkinson |
Санаи таваллуд: | 6 январ 1955[1][2][3][…] (66 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи телевизион, бозигари синамо, мазҳакабоз, садопеша, ҳунарпешаи театр, филмноманавис, муҳандиси барқ, ҳунарпеша, таҳиякунанда, таҳиякунандаи филм |
Карера: | 1979 — то ҳол |
Самт: | комедӣ |
Мукофотҳо: | |
IMDb: | ID 0000100 |
![]() |
Рован Себастиан Аткинсон (англ. Rowan Sebastian Atkinson) — ҳаҷвнигор, ҳунарпеша, нависандае аст, ки барои қиёфаи нақши Оқои Бин ва Блек Адар дар телевизиони Бритониё машҳур шудааст. Сериали телевизионии «Оқои Бин» дар солҳои 1990—1995 дар Бритониё мунтазам намоиш дода шуда то 20 миллион тамошобинонро ҷамъ мекард. Аткинсон минбаъд, дар филми «Оқои Бин» (1997) ва «Оқои Бин дар истироҳат» дар синамои Бритониё, низ бо ҳамин нақши қаҳрамон иштирок варзидааст. Нақши дигари ӯ Агент Ҷони Инглиш дар филмҳои ҳамном дар солҳои 2003 ва 2011 ва диг. қаҳрамонҳои мазҳакавӣ мебошанд.
Номи ӯ ба унвони яке аз панҷоҳ нафар дар миёни феҳристи Бомаззатарин Ҳаҷвнигорони Бритониё дар маҷаллаи «Обсервер» ба чашм мехурад. Ӯ ҳамчунин ба унвони яке аз панҷоҳ нақши беҳтарини мазҳакавӣ дар таърих дар назарсанҷӣ миёни афроди ҳаҷвнигор дар соли 2005 интихоб шуда буд.
- Mr Bean Teddy.JPG
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ SNAC — 2010.
- ↑ Internet Broadway Database — 2000.
- ↑ Encyclopædia Britannica
Сарчашма[вироиш]
- Аз Википедиаи Форсӣ