Jump to content

Роёна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ройёна)

Роёна (форсӣ: رایانه‎ > порсии миёна: *rāy-ēn-ag > порсии бостон: *rād-aya-na-ka-) ё Компютер — дастгоҳи электроние барои сабт, табдил ва коркарди иттилоот (додаҳо ва ё информатсия), тавассути иҷрои пайдарпайии дастурҳои барои он фаҳмо мебошад.

Роёна ё компутар номи умумии ҳама гуна дастгоҳҳои падозиши худкори додаҳо аст. Роёнаҳо бобаста ба шитоби корӣ ва вазифаҳое, ки анҷом медиҳанд, чунин намудҳо доранд:

  • сервер (таҷҳизот)
  • роёнаи шахсӣ (форсӣ: رایانه‌ شخصی‎; англ. personal computer),
  • роёнаи рӯмизӣ (форсӣ: رایانه‌یِ رومیزی‎; англ. desktop computer)
  • роёнаи ҷайбӣ (форсӣ: رایانه‌یِ جیبی‎) англ. hand held computer
  • роёнаи хонагӣ (رایانه‌یِ خانگی; home computer)
  • роёнаи кифӣ (رایانه‌یِ کیفی; laptop computer)
  • бузургроёна (بزرگْ‌رایانه; mainframe computer)
  • резроёна (ریزرایانه; microcomputer)
  • хурдроёна (خُردرایانه; minicomputer)
  • роёнаи шабакаӣ (رایانه‌یِ شبکه‌ای; network computer)
  • роёнаи китобӣ (رایانه‌یِ کتابی; notebook computer)
  • роёнаи ҷайбӣ (رایانه‌یِ جیبی; palmtop computer)
  • роёнаи ҷайбӣ (رایانه‌یِ جیبی; pocket computer)
  • роёнаи ҳампо (رایانه‌یِ هم‌پا; simultaneous computer)
  • роёнаи ҳамзамон (رایانه‌یِ هم‌زمان; simultaneous computer)
  • абарроёна (اَبَررایانه; supercomputer)
  • абархурдроёна (اَبَرْ‌خُردْ‌رایانه; supermini computer)
Қисмҳои компютерҳои IBM PC

Вожашиносии «роёна»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вожаи «роёна» аз масдари «роёнидан» сохта шуда, ки дар забони порсии миёна ба гунаи «rāyēnīdan» ва ба маънои «санҷидан, муқоиса кардан; сабуку сангин кардан» ё «мураттаб кардан, назм бахшидан ва сомон додан» будааст. Ин масдар дар порсии миёна корбурди фаровоне дошта ва барсохтаҳои бисёре низ аз он сохта будаанд. Намуди порсии миёнаи ин вожа «rāyēnīdan» буда ва агар он ба форсии нав мерасид, «роёнидан/роёндан» мегашт (чунон ки вожаи порсии миёнаи «āgāhēnīdan» дар форсии нав «огоҳонидан/огоҳондан» гаштааст).

Ин вожа аз решаи фарзии эронии бостони «*radz-» рӯидааст, ки ба маънои «мураттаб кардан» будааст. Ин реша ба гунаи «*rad-» ба порсии бостон расида, ки дар порсии миёна «rāy» гаштааст. Аз ин реша ситокҳои ҳол ва вожаҳои зер дар порсии миёна ва форсии нав падид омадаву ба кор рафтаанд:

• «*ā-rādz-a-» (эронии бостон) → «ā-rāy-» (порсии миёна), ки вожаи «ороиш» дар форсии нав аз он аст. • «*pati-rādz-a-» (эронии бостон) → «pē-rāy-» (порсии миёна), ки вожаи «пероиш» дар форсии нав аз он аст. • «*rādz-ta-» (эронии бостон) → «rāst» (порсии миёна), ки вожаи «рост» дар форсии нав аз он аст.

Ин решаи эронии бостон худ аз решаи ҳиндуурупоии «*reĝ-» ба маънои «мураттаб кардан ва назм додан» рӯидааст.

Вожаи «роёна» дар порсии миёна метавониста «*rāy-ēn-ag» ва дар порсии бостон «*rād-aya-na-ka-» буда бошад. Шоёни ёдоварист, ки дар матнҳои порсии миёнаи турфонӣ ва порсии миёнаи зардуштӣ вожае ба гунаи «rāyēnāg» дида мешавад, ки ба маънои «раҳбар, раҳнамо; ҳидоятгар» аст. Ин вожа сифати фоъилии ҳол аз «rāyēnīdan» аст, ки бо пасванди «-āg» сохта шудааст. Агар ин вожа ба форсии нав мерасид, бояд «роёно» мегашт ва маъное камобеш ҳаммонанд бо маънояш дар порсии миёна медошт.

Дар форсии нав пасванди «-а»-ро ба ситоки ҳоли феълҳо мечаспонанд то номи абзори он феълҳо ба даст ояд. Барои намуна аз «расон-» (яъне ситоки ҳоли «расондан») + «-а» – «расона» – абзори расондани иттилоъот ва барномаҳои дидориву шунидорӣ сохтаанд. Вожаи «роёна» низ ҳамингуна сохта шудааст: аз «роён-» (яъне ситоки ҳоли «роёнидан») + «-а» – «роёна» – абзори назм бахшидан ва созмондиҳии додаҳо».

Одамони қадим бо сифати асбобҳои ҳисобкунӣ аз чӯбҳо, сангчаҳо, тасмаҳои сӯхтор, ресмонҳои гиреҳдор ва ғайраҳо истифода мекарданд. Тақрибан 1500 сол муқаддам асбоби ҳисобкунии чӯт (счет) пайдо шуд, ки аз он то ҳол истифода карда мешавад.

Соли 1642 олими фаронсавӣ Блез Паскал мошини механикии ҳисобкуниро ихтироъ намуд, ки вай ададҳои то ҳашт рақам доштаро ҷамъ мекард. Соли 1694 математики олмонӣ Готфрид Вилгелм Лейбнитс мошини ихтирокардаи Паскал — ро такмил дода, мошини механикиро сохт, ки вай амали ҷамъ ва зарбро иҷро мекард. Соли 1820 олими фаронсавӣ Чарлз Калмар арифмометрро сохт, ки вай чор амали арифметикиро иҷро мекард. Дар нимаи авали садаи XIX математики бузурги англис Чарлз Беббиҷ лоиҳаи мошини универсалиросохт, ки онро худи ӯ мошини аналитики номид.

Мошини Чарлз Беббиҷ аз рӯи хусусиятҳо ва қисмҳои пешбинишудааш ба мошинҳои ҳисоббарори муосир хеле шабоҳат дошт. Он ба монанди компютерҳо хотира, қисми коркардабароии маълумот, қисми дохилкунӣ ва хориҷкунии маълумот ва ғайраро соҳиб буд. Ҳатто барои ин мошин барнома низ сохта шуда буд. Онҳо аз тарафи аввалин барномасозии ҷаҳон, духтари шоири инглис Ҷон Байрон — Ада Ловлейс навишта шуда буд. Имрӯз ба шарафи ин хонум номи яке аз забонҳои барномасози «Ада» гузошта шудааст.
Ба ғайр аз мошинҳои механикӣ боз мошинаҳои механикӣ боз мошинаҳои мошинаҳои ҳисоббарори механикию электромеханикӣ пайдо шуданд, ки онҳо барои ҳалли масъалаҳои гуногун истифода карда мешуданд.
Соли 1937 олимони амрикоӣ Ҷорҷ Атанасов ва Клиффорд Бери ба сохтани мошини ҳисоббарории электронӣ сар карда, соли 1940 онро сохтанд, ки барои ҳалли масъалаҳои физикию математикӣ пешбинӣ шуда буд. Онҳо пешниҳод карданд, ки барои инъикоси ададҳо аз системаи дуӣ истифода карда шавад.
Мошинаи пуриқтидори ЭНИАК соли 1945 дар Донишгоҳи Пенсилванияи ИМА таҳти роҳбарии П. Эккерт ва Ҷ. Моучли сохта шуд.

Бо ҳамин қарни компютер қадамҳои аввалини худро гузошт.

Наслҳои компютер

[вироиш | вироиши манбаъ]

Компютерҳо вобаста аз базаи омилӣ, зудкорӣ, ҳаҷми хотира ба наслҳо ҷудо карда мешаванд. Ин ҷудокунӣ хеле шартӣ буда, компютер метавонад аз рӯи базаи омилиаш ба як наслу ва аз рӯи хосиятҳои сохтор насл мансуб бошад.

Ба характеристикаҳои асосии компютер зудкорӣ ва ҳаҷми хотираи фаврӣ дохил мешаванд. Зудкорӣ — бо миқдори миёнаи амалҳои мошина, ки дар як сония иҷро карда шудаанд баҳо дода мешавад. Ҳаҷми хотираи фаврӣ — бо миқдори калимаҳои мошинӣ чен карда мешавад. Дар замони ҳозира панҷ насл маълум аст:

Насли якум. Насли якуми компютер ба солҳои 40 — 50 — ум рост меояд. Базаи омилӣ — лампаҳои элоктронӣ, зудкорӣ — тақрибан 100 амал /сон, ҳаҷми хотираи фаврӣ — тақрибан 100 калима, реҷаи истифодабарӣ — монополӣ: захираҳои мошинӣ ва идоракунии он дар ихтиёри як шахс.

Насли дуюм. Насли дуюми компютер ба солҳои 50 — 60 — ум рост меояд. Базаи омилӣ — транзисторҳо, зудкорӣ — тақрибан 10 000 амал/сон., ҳаҷми хотираи фаврӣ — тақрибан 10 000 калима,ҳаҷми хотираи берунӣ (дискҳо, лентаҳои магнитӣ) — тақрибан 10 млн.калима, реҷаи истифодабарӣ — коркарди пакетӣ, навишти барнома — забонҳои алгоритмӣ.

Насли сеюм. Насли сеюми компютер ба солҳои 60 — 70 — ум рост меояд. Базаи омили — схемаҳои интеграли калон, зудкорӣ — тақрибан 10 млн амал/сон., Хаҷми хотираи фаврӣ — тақрибан 10 млн калима, ҳаҷми хотираи берунӣ — тақрибан 10 млрд калима, усули истифодабарӣ — реҷаи вақти тақсимкардашуда бо коркарди пакетӣ.
Насли чорум. Аз солҳои 70 — ум сар карда насли чоруми компютер ба истеҳсолот роҳ ёфтанд. Базаи омилӣ — схемаҳои интегралии аз ҳад калон, зудкорӣ — тақрибан як млрд амал/сония, ҳаҷми хотираи фаврӣ — тақрибан 10 млн калима. Усули кор — истифодабарии шаклҳои шабакавӣ ва алоҳидаи компютерҳо.

Насли панҷум. Лоиҳаи мошинаҳои насли панҷум дар зинаи амалишавӣ мебошанд. Вале аллакай аз ин лоиҳаҳо ва нусхаҳои таҷрибавии компютер хулоса баровардан мумкин аст, ки дар ин ҷо зудкорӣ бо хулосабарориҳои мантиқӣ омехта гардонида мешаванд. Усули муносибати байни истифодабаранда ва компютер — мубоҳиса бо усули муқаррарии муоширати байни одамӣ мубаддал мегардад. Фанни барномасозӣ ҳамчун илм дар оянда барои истифодабарандагони компютер аҳамияти актуалии худро гум мекунад. Ба монанди Бузаки ҷингилапо мезана баҳарду по мебошад.

Бо қувваи барқ кор мекунад. Намудҳои компютер Apple, Windows ва ғ.

Наввожаҳое ки аз роёна сохта шудаанд:

  • computerize - رایانیدن، رایاندن - роёнидан, роёндан
  • computerizing - رایانش، رایانیدن، رایاندن - роёниш, роёнидан, роёндан
  • computer architecture, architecture - معماریِ رایانه، معماری - меъмории роёна
  • computer crime - جُرمِ رایانه‌ای - ҷурми роёнаӣ
  • computer farm - کارسازگان - корсозгон
  • computer fraud - تقلّبِ رایانه‌ای - тақаллуби роёнаӣ
  • computer graphics - نِگاشتارِ رایانه‌ای - нигоштори роёнаӣ
  • computer literacy - سوادِ رایانه[ای]ا - саводи роёна[ӣ]
  • computer network - شبکه‌یِ رایانه‌ای - шабакаи роёнаӣ
  • computer programming - برنامه‌سازیِ رایانه‌ای، برنامه‌نویسیِ رایانه‌ای - барномасозии роёнаӣ, барноманависии роёнаӣ
  • computer system - سامانه‌یِ رایانه‌ای - сомонаи роёнаӣ
  • computer telephony - تلفیق/ یکپارچه‌سازیِ تلفن و رایانه - якпорчасозии телефуну роёна
  • computer telephony integration - تلفیق/ یکپارچه‌سازیِ تلفن و رایانه - якпорчасозии телефуну роёна
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: