Роман Гиршман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Роман Гиршман
фр. Roman Ghirshman
Таърихи таваллуд 3 октябр 1895(1895-10-03)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 сентябр 1979(1979-09-05)[1][2] (83 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Роман Михайлович Гиршман, фр. Roman Ghirshman (3 октябри 1895, Харков — 5 сентябри 1979, Будапешт) — муаррих, бостоншинос ва шарқшиноси фаронсавӣ, узви Академияи навиштаҷот ва осори нафиси Фаронса (1965), узви вобастаи Академияи шоҳии Британия, доктори фахрии Донишгоҳи Теҳрон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1920 аз Русия муҳоҷират намуда, муддате дар Истанбул (Туркия) ва Фаластин зиндагӣ карда, баъдан ба Фаронса рафт (1923). Хатмкардаи Донишгоҳи Сорбон (1928), Экол-дю-Луври Порис (1929). Фаъолияти бостоншиносиро соли 1930 аз ҳафриёти Ҷирсу (шаҳраки имрӯзаи Толеҳи Ироқ) шурӯъ намуд. Роман Гиршман аз соли 1931 роҳбари гурӯҳи бостоншиносони Осорхонаи Лувр дар Эрон тайъин шуда, то соли 1967 дар ҳафриёти Теппаи Гиён (наздики Наҳованд, 1931—1932), Сиёлки Кошон (1933—1937), шаҳристони Бишопури Форс (солҳои 1935, 1936, 1938, 1941), Багроми Афғонистон (1941—1943), Шуш (1946) ва Масҷиди Сулаймон (1947, 1968—1972) ширкат кард. Роман Гиршман солҳои 1941—1943 роҳбари гурӯҳи бостоншиносони фаронсавӣ дар Багроми Афғонистон таъйин шуд. Бозёфтҳои таърихии Роман Гиршман дар ҳафриёти Багром барои омӯзиши таърихи тамаддуни Кушониён ва Ҳайтолиён муҳим буданд. Муҳимтарин кашфиёти бостоншиносии Роман Гиршман Дурунтош (Чуғоз-Занбил, 30 км дуртар аз Шуш) ба даст омада, ҷиҳати даврабандии илмии ёдгориҳои Эрони қадим, Элом ва Урарту дастоварди бузург ба шумор мерафт. Бозёфтҳои Роман Гиршман дар омӯзиши таърихи давлатдории қавмҳои ориёитабори мидӣ, скифу сакоӣ, портҳо ва кушониён саҳифаҳои тоза кушод. Роман Гиршман ёдгориҳои қадимии Эронро (аз ҳазорсолаи 5-то ҳазорсолаи 1 то м.) бо усули нави илмӣ аз лиҳози бостоншиносӣ даврабандӣ кард. Роман Гиршман бо ордени Легиони Фахрӣ, ордени Санъат ва осори нафиси Фаронса, ордени Тоҷи Эрон ва дигар мукофотҳо сарфароз гаштааст. Аз ҷониби Роман Гиршман барои дастовардҳои арзандаи таърих ва тамаддуни Эрон ҷоизаи ба номи Гиршман таъсис ёфтааст. Ҳоло бо мақсади густариш додани омӯзиши таърих ва тамаддуни Эрони қадим ҷоизаи муштараке ба номи Роман Гиршман ва Таня Гиршман (ҳамсараш) таъсис дода шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гиршман Роман Михайлович / Б. Абдураҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.