Jump to content

Росан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Росан
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Inula helenium L., 1753
Мутародифот

Росан, занҷабили шомӣ, алонийун, занҷабуя, (лот. Ínula helénium) — гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи мураккабгулҳо.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояаш рост, пашмакдор, 60—250 см қад мекашад, баргаш калон (дарозиаш то 50 см, бараш 25 см), сабадакаш (диаметраш 6—8 см) аз гулҳои зарди забончашакл (канорӣ) ва найчашакл (мобайнӣ) иборат аст, донакаш майда аст (дароаиаш 3—5 мм; вазни 1000-тоаш 1—1,5 г). Моҳҳои июн —сентбр гул мекунад. Дар лаби ҷӯбор, соҳили дарёҳо, марғзори серрутубат ва минтақаи бешазори қисми аврупоии Русия, Кавказ, Сибири Ғарбӣ, Қазоқистон ва Осиёи Миёна мерӯяд.

Хосиятҳои шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Росан чун гиёҳи шифобахш аз қадимулайём маъмул аст. Табибони қадими Тибет, Ҳиндустон ва Хитой онро барои табобати касалиҳои гуногун истифода мебурданд. Абӯалии Сино росанро ҳавои ба дил қуввабахшанда ҳисобидааст. Росан дар тибби халқҳои туногун хеле машҳур мебошад. Решаву решапояи онро барои муолиҷаи иллати узвҳои ҳозима, сили устухон, пайвандак, зардпарвин, обхӯра, бавосир, қабзияти роҳи нафас ва ғайра тавсия медиҳанд. Дар тибби муосир решаи росан (Radix Inulae)-po, ки аввали баҳор ё тирамоҳ мекобанд, ҳангоми қабзияту сили шуш чун доруи балғамовар, инчунин талхаву пешоброн истифода мебаранд. Як истакон ҷӯшоби решаи росанро (1 чумчагӣ, рӯзе 3—4 бор) чун давои балғамовар менӯшанд. Доруи «энулеи»-ро низ (30 —40-қатрагӣ, рӯзе 3—4 бор) бо ҳамин мақсад истифода мебаранд. Бо росан иллати меъдаву руда ва касалиҳои пӯст (масалан, қубо)-ро ҳам муолиҷа мекунанд. Решаи росан 1—3 % равғани эфир (алантолактон, изоалантолактон, дигидроалаптолактон, алантон, пироазулен), то 40—50 % инулин ва ғайра дорад.

  • Росан / М. Ҳоҷиматов. С. Бобохоҷаева // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
  • Минаева Г., Лекарственные растения Сибири, Новосибирск, 1970;
  • Скляревский Л. Я., Целебные свойства пищевых растений, М., 1972;
  • Вехов В. Н., Губанов И. А., Лебедева Г. Ф., Культурные растения СССР М., 1978.