Jump to content

Роқими Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Роқими Самарқандӣ

Мирсайид Шариф Роқими Самарқандӣ (форсӣ: میر سید شریف راقم[1]; қарни XVII) — шоир ва таърихнигори форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи мансабдор. Дар Самарқанд зиндагӣ, таҳсил ва эҷод кардааст. Чанде аз қасидаву ғазал ва рубоиҳои Роқим дар тазкираву баёзҳои асрҳои 17—19 дарҷ ёфтаанд, ки аз истеъдод ва табъи баланди шоирии ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Девони Роқим дастрас нест. Роқим доир ба таърихи Хуросону Мовароуннаҳр асаре дорад, ки мувофиқи маълумоти Малеҳои Самарқандӣ («Музокиру-л-асҳоб») дар асри 17 бо номи «Таърихи Сайидроқим» маълум буда, таҳрири охиринаш аз тарафи муаллиф соли 1702 анҷом ёфтааст.

Ин асари Роқим соли 1915 дар Тошканд дар ҳошияи тазкираи «Туҳфату-ул-аҳбоб фӣ тазкирати-л-асҳоб»-и Возеҳ бо унвони «Таърихи касира» чоп шудааст.

  1. راقم، میر سید شریف. دایرة المعارف اسلامی.
  • Роқим / А. Зуҳуриддинов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).