Роҳи автомобигарди Кӯлоб-Муъминобод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Роҳи автомобигарди Кӯлоб-Муъминобод— Ин қитъаи роҳ дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буда дар доираи марҳилаи сеюми “Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар зарфи ду сол пурра таъмиру навсозӣ карда шуд. Дарозии умумии роҳи мазкур 41 километрро дар бар мегирад, ки 35 километри он бо харҷи 195,4 миллион сомонӣ пурра таъмиру навсозӣ карда шуд.[1]

Корҳои сохтмону азнавсозӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои татбиқи Лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 сентябри соли 2019 оғоз бахшида буданд. Ба иттилои масъулон дар марҳилаи навсозии ин роҳи мошингард, ҳамзамон таъмиру навсозии 35 километр роҳ ва сохтмон ва таҷдиди 6 пул низ ба анҷом расидааст. Тибқи лоиҳа инфрасохтори зарурӣ дар роҳи автомобилгарди мазкур, аз қабили 50 қубури обгузар дар мавзеъҳои обҷамъшаванда бунёду таъмир карда шуда, зиёда аз 35 километр ҷуйборҳои бетонӣ, такядеворҳо, воситаҳои иҳотакунанда насб гардидааст. Барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ хатҳои уфуқӣ кашида шуда, ҳудуди 15 деҳа бо сутунпояҳои 7 метра равшаннамоӣ гардидааст. Дар шафати роҳи мошингарди ҳудуди деҳаҳо роҳҳои пиёдагард низ сохта шуда, аломатҳои роҳ гузошта шудааст. Дар маҳаллаҳои аҳолинишин истгоҳҳо таъмиру навсозӣ ва бо системаи равшанидиҳӣ таъмин гардид. Дар ҷараёни корҳои роҳсозӣ аксари коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд.[2]

Аҳамият[вироиш | вироиши манбаъ]

Ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод аз минтақаҳои муҳими сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва ба ин мавзеъ сайёҳони хориҷӣ бештар ташриф меоранд. Аз ин рӯ, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ва бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар самти бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аҳаммияти бузург дорад. Бунёди роҳ аҳаммияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамалакат заминаи воқеъӣ мегузорад.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]