Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Рустам Шоҳмурод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рустам Шоҳмурод
Менглиев Рустам Шомуротович
Таърихи таваллуд 3 майи 1965(1965-05-03) (61 сол)
Зодгоҳ Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Навъи фаъолият Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳсилот Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1989)
Унвонҳои илмӣ дотсент
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Ордени Шараф дараҷаи II

Рустам Шоҳмурод (Менглиев Рустам Шомуротович; 3 майи 1965, Конибодом, вилояти Ленинобод)  — олим, номзади илмҳои ҳуқуқ, арбоби давлатӣ, тоҷик, собиқ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ва даъвати VII.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоҳмурод Рустам 3 майи соли 1965 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст.Соли 1989 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

  • Соли 1989 фаъолияти кориашро ба сифати ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат оғоз намуда, кор кардааст.
  • Солҳои 1991-1992 — Ёрдамчии прокурори шаҳри Кофарниҳон.
  • Солҳои 1992-1993 — Прокурори Идораи назорати умумии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
  • Солҳои 1993-1995 — Сардори шўъбаи корҳои ҳуқуқӣ дар хоҷагии халқи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Солҳои 1995-1999 — Сардори идораи қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
  • Солҳои 1999-2008 — Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Солҳои 2008-2009 — Муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
  • Солҳои 2009—2012 — Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Солҳои 2012—2020 — Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.[1]
  • 1 марти соли 2020 то 1 марти соли 2025 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ва Раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқи, мудофиа ва амният буд.[2]
  • 2 марти соли 2025 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии даъвати VII.
  • Аз 19 марти соли 2025 то ҳол — Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон.[3]
  • Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени Шараф дараҷаи II, медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
  1. Шоҳмурод Рустам /Сомонаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 4 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 июли 2016.
  2. Шоҳмурод Рустам(тоҷ.). www.parlament.tj/. 21 марти 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 май 2023.
  3. Рустам Шоҳмурод(тоҷ.). www.parlament.tj. 5 июли 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 май 2023.