Соли 2020

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Садаҳо: Садаи 20 (мелодӣ) - Садаи 21 (мелодӣ) - Садаи 22 (мелодӣ)
Даҳаҳо: Даҳаи 1990 (мелодӣ)   Даҳаи 2000 (мелодӣ)   Даҳаи 2010 (мелодӣ)   -
Даҳаи 2020 (мелодӣ) -  Даҳаи 2030 (мелодӣ)  Даҳаи 2040 (мелодӣ)  Даҳаи 2050 (мелодӣ)

Солҳо: 2017 2018 2019 - 2020 - 2021 2022 2023

Соли 2020

Рӯйдодҳо[вироиш]

майи соли 2020[вироиш]

  • 30 майи соли 2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар Тоҷикистон 3807 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1865 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд.[1]
  • 28 майи соли 2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 106 ҳазору 475 нафар зиёд шуда, ба 5 миллиону 814 ҳазору 593 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 2 миллиону 515 ҳазору 490 кас шифо ёфтаанд ва 357 ҳазору 977 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).[2]
  • 28 майи соли 2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 746 217 нафар), Бразилия (414 661), Россия (379 051), Испания (283 849), Британияи Кабир (231 139), Италия (231 139), Франсия (182 913), Германия (181 895), Туркия (159 797) ва Ҳиндустон (159 054) дохил мешаванд. Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (490 151), Испания (196 958), Бразилия (166 647), Германия (163 200), Россия (150 993), Италия (147 101), Туркия (122 793), Эрон (112 988), Чин (78 288) ва Ҳиндустон (67 929) шифо ёфтаанд. Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (102 114 нафар), Британияи Кабир (37 460), Италия (33 072), Франсия (28 596), Испания (27 118), Бразилия (25 697), Белгия (9 388), Мексика (8 597), Германия (8 533) ва Эрон (7627) шомил мебошанд.[3]
  • 26 майи соли 2020 Кумитаи дин ва танзими расму маросими миллӣ дар Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии кишвар дастур додааст, ки то беҳбуди вазъият барои баргузории маросимҳои арӯсӣ ба сокинон иҷозат надиҳад.[4]
  • 24 майи соли 2020 Ҷӯрабек Назрӣ (Назриев), донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик, рӯзи 24-уми май дар 74-солагӣ даргузашт.[5]
  • 24 майи соли 2020 Шӯрои уламои Тоҷикистон қарор кард, ки Иди Рамазон ё Фитр дар Тоҷикистон 24 май фаро мерасад, аммо ба фарқ аз солҳои гузашта намози ид ва идгардак баргузор намегардад. Мақомот аз сокинон хостаанд, идро дар хона бо аъзои оила ҷашн гиранд. Ин тасмим ба густариши коронавируси нав дар Тоҷикистон рабт дорад, ки дар бист рӯзи ахир ба тақрибан ду ҳазор нафар сироят карда, боис ба марги 41 нафар шудааст.[6]
  • 17 майи соли 2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1524 ҳолати сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ 39 нафар фавтидаанд.[7]
  • 12 майи соли 2020 Комиссияи олии «Бародарии инсонӣ», ки қароргоҳаш дар Амороти Муттаҳидаи Араб воқеъ аст, аз тамоми мардуми ҷаҳон даъват ба амал овард, ки рӯзи панҷшанбе, 14 май тибқи оини дин, мазҳаб ва таълимоти худ даст ба дуо бардоранд, аз Худованд илтиҷо намоянд, ки COVID-19-ро бартараф созад, инсониятро аз ранҷу азобҳои имрӯза наҷот диҳад ва ба олимон кумак кунад, то табобати онро пайдо намоянд ва дунёро аз оқибатҳои тиббӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии пандемияи коронавирус наҷот диҳанд.[8]
  • 12 майи соли 2020 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қатъ намудани фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либосаи шаҳрро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 31 майи соли 2020 тамдид намуд [9]
  • 7 майи соли 2020 7 май дар Тоҷикистон 82 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи беморон ба 461 нафар расид. Ҳамзамон, давоми шабонарӯзи гузашта 4 ҳолати фавт сабт гардида, дар умум 12 нафар беморони гирифтори ин навъи нави коронавирус фавтидаанд.[10]

апрели соли 2020[вироиш]

  • 30 апрели соли 2020 30 апрели соли 2020 дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 3 миллиону 220 ҳазору 969 нафар буда, аз онҳо 1 миллиону 1 ҳазору 72 кас шифо ёфтаанд ва 228 ҳазору 251 тан вафот кардаанд.[11]
  • 30 апрели соли 2020 тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрели соли 2020 — 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирусии COVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд — 10 (даҳ) ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе — 5 (панҷ) ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шудааст.[12]
  • 29 апрели соли 2020 Бобоҷон Назаров - донишманди тоҷики муқими Лондон шеваи нав барои муолиҷаи COVID-19-ро ошкор кардааст, ки дар сурати озмоишҳои муваффақиятомез метавонад, барои дармони миллионҳо мардум дар сайёра кӯмак кунад.[13]
  • 17 апрели соли 2020 Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

марти соли 2020[вироиш]

  • 17 марти соли 2020 Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.[14]
  • 1 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: ҲХДТ-ро 12 нафар, ҲАТ-ро - 4 нафар, ҲИИТ-ро 4 нафар, ҲДТ-ро 1 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.[15]
  • 1 марти соли 2020 дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон иштирок намуданд, ки ин 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад, шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, 52 ҳазору 30 нафар ё 1,39%-ро ташкил медиҳад.
  • Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ: ҲХДТ - 35 нафар, ҲАТ - 3 нафар, ҲКТ - 2 нафар ва ҲИИТ - 1 нафар пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[16]

Таввалуд[вироиш]

Вафот[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. COVID-19. Дар Тоҷикистон 3807 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 май 2020 санҷида шуд.
  2. COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 5,8 миллион нафар гардид(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 май 2020 санҷида шуд.
  3. COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 5,8 миллион нафар гардид(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 май 2020 санҷида шуд.
  4. Дар Тоҷикистон гузарондани тӯю маъракаҳоро манъ карданд. Сабаб бемории COVID-19(тоҷ.). www.ozodi.org. 30 май 2020 санҷида шуд.
  5. Ҷӯрабек Назрӣ, донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик даргузашт.(тоҷ.). www.ozodi.org. 30 май 2020 санҷида шуд.
  6. Иди Фитр дар Тоҷикистон 24 май аст, вале бе намози дастҷамъӣ(тоҷ.). www.ozodi.org. 30 май 2020 санҷида шуд.
  7. ХАБАРИ ФАВРӢ! Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 1524 нафар расид(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 май 2020 санҷида шуд.
  8. Ҷаҳон барои хотима ёфтани пандемияи COVID-19 даст ба дуо мебардорад(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 май 2020 санҷида шуд.
  9. Қатъи фаъолияти бозорҳои фурӯши либос дар шаҳри Душанбе то 31 май тамдид карда шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 май 2020 санҷида шуд.
  10. ХАБАРИ ФАВРӢ! Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 461 нафар расид(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 май 2020 санҷида шуд.
  11. COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 3,2 миллион нафар гардид(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 апрели 2020 санҷида шуд.
  12. ХАБАРИ ФАВРӢ: Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои тасдиқшудаи бемории сироятии CОVID-19 аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 апрели 2020 санҷида шуд.
  13. Донишманди тоҷики муқими Бритониё шеваи муолиҷаи КОВИД-19-ро ошкор кардааст(тоҷ.). www.ozodi.org. 30 апрели 2020 санҷида шуд.
  14. Иштирок дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум(тоҷ.). www.parlament.tj. 18 марти 2020 санҷида шуд.
  15. ИНТИХОБОТ-2020. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд
  16. ИНТИХОБОТ-2020. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд