Рустаниҳои овеза

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гуловез, рустаниҳои овеза — рустаниҳое, ки онҳоро дар гулдону тубак ва кӯзаву сабадчаҳои овеза парвариш мекунанд.

Пояи гуловез палакмонанд ё хазанда аст. Барг (мас., сангкафонак, традескансия, аспарагус, шпренгери, хлорофитум, селагинелла ва ғ.) ва шукуфаи гуловез (мас., гули бегона, момогул, анҷибари сипарбарг) зебо ва ҷолиб мебошанд. Гуловезро барои ороиши хона, айвон, даромадгоҳи бино, толорҳо ва ғ. истифода мебаранд. Гулдони гуловез ро бевосита ба девор устувор мекунанд ё ба такягоҳи махсус меовезанд. Ҷой, ҳарорат, намнокӣ ва рӯшноӣ бояд ба хусусиятҳои биологии гуловез мувофиқ бошанд. Тубакҳоеро, ки ба он гул мешинонанд, аз зер сӯрох мекунанд. Гуловезро дар об ҳам гузоштан мумкин. Дар ин маврид обро мунтазам иваз кардан лозим аст. Гуловез аз қаламча афзоиш меёбад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Хессайон Г. Всё о комнатных растениях. М., 2003;
  • Андреева И., Родман Л. Ботаника. М., 2005;
  • Хессайон Д. Г. Всё о болезнях и вредителях растений. М., 2010.