Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сана 24 Ноябр
Ҷашнгирӣ Тоҷикистон
Маросим 24 ноябр

Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Тоҷикистон қабул гардида[1], ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад ва рӯзи корӣ ба шумор меравад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад[2].

Таҷлили Рӯзи парчам[вироиш | вироиши манбаъ]

2009[вироиш | вироиши манбаъ]

24 ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон «Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта шуд. Дар Душанбе дар ин рӯз бо ташаббуси Ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда таҷлили Рӯзи парчами Тоҷикистон гузаронида шуд.

2011[вироиш | вироиши манбаъ]

30 августи соли 2011 дар Душанбе парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр аст ва баландтарин пояи парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон мебошад (ҳамчун рекорди Гиннес сабт шудааст).

9 сентябри соли 2011, рӯзи таҷлили 20-солагии Истиклолияти Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]