Рӯҳии Валволиҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рӯҳии Валволиҷӣ

Рӯҳии Валволиҷӣ (форсӣ: روحی ولوالجی‎; ? — қарни XII) — шоири ҳаззол, қасидасаро ва донишманди форс-тоҷики дарбори Салҷуқиён.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз мардумон Ваволиҷ, аз тавобеъи Бадахшон дар Фарорӯд, буд. Аз ашъораш пайдост, ки дар шаҳрҳои Фарорӯд ва Хуросон дар гардиш буда ва қасоиде дар мадҳи бузургони он диёр гуфтааст. Чун дар сурудҳҳояш аз Қатрони Табрезӣ ва Масъуди Саъди Салмон ёд карда, метавон ҳадс зад, ки пас аз ин ду дар давраи Салҷуқӣ зиндагӣ мекардааст. Лақаби Ҳаким низ бад-ӯ додаанд. Бештар ба ҳазлгӯӣ гароиш ва дар қитъагӯӣ маҳорат дошт[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]