Қатрони Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Абу Мансур Қатрони Табрезӣ
قطران تبريزى
Сурат
Навъи фаъолият:

шоир

Санаи таваллуд:

1009

Зодгоҳ:

Табрез, Эрон

Мамлакат:
Санаи марг:

1072

Қатрони Табрезӣ - Абу Мансур Қатрони Табрезӣ шоири қасидасарои асри XI аст. Чунон ки Носир Хусрав дар «Сафарнома»-аш қайд кардааст, ӯ дар Табрез Қатронро дида, зимни мулоқот бо хоҳиши ӯ баъзе мушкилоти девони Мунҷиқи Тирмизиро ташреҳу маънидод намудааст.

Шоир тахминан соли 1072-1073 милодӣ вафот кардааст.

Қатрони Табрезӣ шоири озаринасли форсу тоҷик аст. Дар зодгоҳаш таҳсил карда, пас аз касби камол ба шеърнависӣ сар кардааст. Муддате дар хидмати хукмрони Ганҷа буд. Қатрон бо Носири Хисрав, ки 28-уми августи соли 1046 ба Табрез расид, мулоқот кардааст. Бино ба маълумоти Носири Хисрав Қатрон «шеъри нек мегуфт, аммо забони форсӣ некӯ намедонист», пеши вай омада, девони Мунҷақӣ, Дақиқиро мехондааст, «ҳар маънӣ ӯро мушкил бувад» аз ӯ пурсида, шарҳашро менавиштааст. ӯ пайваста девонҳои шоиронро аз бар намуда, тамоми луғат ва шарҳи маъниҳоро бо пурсуҷӯ омӯхта, барои худ луғатномае бо унвони «Тафосир фил луғотилфурс» тартиб додааст.

Дар натиҷаи чунин омӯзиш услуби зимнию дохили шеъраш бо услуби мактаби шеъру шоирии Рӯдакӣ ва муосирони ӯ хеле наздик ва ҳатто монанд гардидааст. Ба ин сабаб пас аз ноёб шудани девони Рӯдакӣ ашъори Қатронро ба ӯ нисбат додаанд ва соли 1897 дар Теҳрон ба унвони «девони Рӯдакӣ» китобе чоп шуд, ки асосан аз ашъори Қатрон иборат аст. Ҳоло дар илми адабиётшиносӣ ин масъала то андозае равшан гардида, мероси Қатрон ба номаш муқаррар шудааст. Девони ашъори Қатрон аз қасоид, таркиббанд, қитъаву ғазал ва рубоӣ иборат аст. Аксари қасоиди ӯ равону содда суруда шуда, шоир ба мавзӯъҳои ахлоқию иҷтимоӣ диққат додааст. Дар баъзе қасоиду қитъа шоир ба такаллуф ва санъатҳои лафзӣ эътибор додааст.

Аз мероси адабии Қатрон то замони мо ду ҳазор байт боқӣ мондааст, ки аз қасида, ғазал ва қитъа иборат мебошад.

Аз қасоид[вироиш]

Сиришки абр ба кирдори луълуи лолост,
Насими бод ба кирдори анбари сорост.
Сипоҳи барф рамиду сипоҳи лола расид,
Хурӯши зоғ нишасту хурқши фохта хост.
Ба ҳар куҷо нигарӣ пеши чашми ту гуҳар аст,
Ба ҳар куҷо гузарӣ зери пои ту дебост.
Само шабонгаҳ гӯи, ки пуршукуфа замист,
Замин саҳаргаҳ гӯи, ки пурситора самост.
Агар насими сабо бишнавӣ надони к-он,
Насими анбари сорост ё насими сабост.
Зи лолаҳои дигаргуна боғ чун минуст,
Зи сабзаҳои дигаргуна роғ чун меғост.
Ҳазор гуна нигор аст, ҳар куҷо водист,
Ҳазор гуна баҳор аст ҳар куҷо саҳрост.
Касе, ки ёфт кунун бӯстон биҳишт наҷуст,
Касе, ки дид кунун гулситон сипеҳр нахост.
Шукуфа лола ба кирдори оташ аст зи дур,
Ки дуди ӯ на пайдову нури ӯ пайдост.
Шамол рӯи заминро ҳама ба мушк андуд,
Саҳоб рӯи заминро ҳама ба дур орост.
Ҳазор гӯӣ аз ёри хеш маҳҷур аст,
Ки ҳамчу ошиқи маҳҷур бо ҳазор навост.
Сапедрӯз чу бахти мувофиқон-ш фузуд,
Шаби сиёҳ чу бахти мухолифон –ш бикост….
Бошад ба ҷаҳон ид ҳамасола ба якбор,
Ҳамвора маро ид зи рухсори ту ҳамвор.
Пурбор ба сол андар як бор бувад гул,
Рӯйи ту маро ҳаст ҳамеша гули пурбор.
Як рӯз бунафша чинам аз боғ ба даста,
Зулфайни ту пайваста бунафшаст ба хирвор.
Як ҳафта падидор бувад наргиси даштӣ,
В-он наргиси чашми ту ҳамасола падидор,
Наргис набувад тоза чу бедор набошад,
Тозаст сияҳнаргиси ту хуфтаву бедор.
Бошанд суманзорон ҳангоми баҳорон,
Бар сунбули ту ҳаст шабу рӯз суманзаор.
Аз ҷаъди сиёҳи ту расад файз ба сунбул,
К-ин мояи ҷон омаду он мояи аттор.
Инро Ватан аз сим шуд онро Ватан аз санг,
Ин аз барии сарви саҳӣ, он аз бари кӯҳсор.
Бо ҷаъди ту ҳаргиз накунам ёд зи сунбул,
Бо рӯйи ту ҳаргиз накунам чашм ба гулнор.
Сарв аст, ки дар боғ ҳамасола бувад сабз,
Бо қадди ту он низ бувад кӯжу нагунсор.
Якчанд бувад лолаву гулнор ҳамеша,
Ту лола зи лаб дориву гулнор зи рухсор.
Пирояи гулнори ту аз анбари сорост,
В-он лола бувад пираҳани лулуи шаҳвор.
Гулнор яке ҳафта бувад бӯстоноро,
Бар моҳи дуҳафтаст туро доим гулнор.
Гар ҳур зиреҳкаш бувад, моҳ камонкаш,
Гар сарв ғазалгӯй бувад, кабк қадаҳхор.
Бар тораки фитроқи ту пурҳам ду каманд аст,
Аз оҳуи мушкин ситада ҳар ду ба як бор.

Аз ғазалиёт[вироиш]

Ёфт з-ин дарё дигарбор абри гавҳарбор бор,
Боғу бустон ёфт дигар з-абри гавҳарбор бор.
Ҳар куҷо гулзор буд андар ҷаҳон гулзор шуд,
Мурғи шабгирон сароён бар гули гулзор зор.
Бод бифшонад ҳаме бар сунбулу анбар абир,
Абр бифрузад ҳаме бар лолаву гулнор нор.
Гар ҳазорастам забон дар ҳар яке сесад забон,
Шукри некиҳот натвонам яке гуфт аз ҳазор.

Адабиёт[вироиш]

  • Гулшани Адаб, ҷилди 2 , нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1980
  • Энсиклопедия Советӣ. Душанбе, М. Осимӣ.