Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Сабзагул Қурбонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сабзагул Қурбонова
Таърихи таваллуд: 20 феврал 1952(1952-02-20) (73 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи театр, бозигари синамо
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 6902358

Сабзагул Қурбонова (зод. 20 феврал 1952, Кӯлоб) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2007)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сабзагул Қурбонова 20 феврали 1952 дар муҳити фарҳангӣ дар оилаи Рустам Қурбонов ва Ҳанифа Мирзохоҷаева дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст[1]. Сабзагул таҳсилоти ибтидоии худро дар мактаби миёнаи №5-и зодгоҳаш ба анҷом расонда, соли 1969 ба шуъбаи бозигарии драма ва кинои Институти педагогии шаҳри Душанбе дохил шудааст. Баъдтар таҳсилро дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон идома дода, соли 1974 онро хатм намудааст.

Ҳаёти шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сабзагул Қурбонова бо Додихудо Бурхвалишоев оиладор шуда, соҳиби шаш духтар шудааст. Додихудо соли 1995 аз олам даргузашт[1]. Пас аз марги ҳамсараш, Сабзагул тасмим мегирад, ки театрро тарк кунад, аммо фарзандонаш ӯро барои идомаи фаъолият ташвиқ намуданд. Яке аз духтаронаш, Таҳмина Бурхвалишоева, замоне ҳунарро пешаи худ карда, дар филми «Дар орзуи падар» нақши зани дуюми Нозимӣ, яъне Шаҳнозаро офаридааст.[2]

Соли 1973 пас аз хатми донишкада, Сабзагул Қурбонова ба Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон[3] ба кор омада, ҳамчун ҳунарпеша ба фаъолият пардохта, токунун аз саҳнааш дил накандааст. Дар тӯли фаъолияти ҳунарии худ, ӯ дар намоишномаҳои телевизионӣ ва филмҳои зиёде нақш офаридааст.

Ӯ тайи ин солҳо дар саҳнаи Театри ҷавонон зиёда аз ҳафтод нақши хурду калон, мусбату манфӣ бозида, тиннати хубию бадиро накӯ инъикос кардааст. «Ситораи раҳнамо», «Қиссаҳои метронаж», «Ба пеш, холаҳо», «Модар меояд», «Таронаи ишқ», «Ситорадуздон», «Қатрае аз баҳр», «Ҷонфидо», «Султон- султон аст», «Таронаи муҳаббат», «Пеш аз борон», «Донаки сеҳрнок», «Туҳфа аз муҳоҷират», «Моҷаро дар Киоҷа» намунае аз спектаклҳоеанд, ки бо ҳузури Сабзагул Қурбонова рангин гардидаанд.

Ба Сабзагул Қурбонова бештар телевизион ва кино маъруфият овардааст. Нақшҳои ӯро дар намоишномаҳои телевизионии «Ҳарос», «Армони модар», «Бегоҳи шанбе», «Армони модар», «Ҳаёт ва ишқ», филмҳои «Қиёми рӯз», «Баррачаи хаёлӣ», «Шамсиддин Шоҳин», «Мутақарнай», филмҳои бисёрқисмаи «Саргардонӣ», «Дар орзуи падар», «Беназир», «Арӯси замонавӣ», барномаҳои рангину ахлоқии «Беғараз панд», «Хоби ширин, хурдтаракон» ва даҳҳои дигарро метавон ном бурд, ки бо ҳунари волои Сабзагул Қурбонова манзури мардум шудаан[2]д.

  1. 1.0 1.1 Лутфуллои Азиз. Дар Салтанати ҳунар. Бонувони Тоҷикистон (23 феврали 2022). 24 феврали 2025 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Одил Нозир. Пайроҳаи ноҳамвор, вале пурифтихори Сабзагул Қурбонова. Pressa.tj (18 апрели 2022). 24 феврали 2025 санҷида шуд.
  3. Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов. 19 май 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.