Jump to content

Савганди кормандони прокуратура

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Савганди кормандони прокуратура - шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи прокурор ва муфаттиши прокуратура таъйин мешаванд, бо мазмуни зайл «Савганди корманди прокуратура»-ро ёд мекунанд: «Дар роҳи ҳизмати содиқонаи қонун қадам ниҳода, тантанавор савганд ёд мекунам, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро софдилона риоя менамоям, ба ягон хел каҷравӣ аз он роҳ намедиҳам, барои самаранок бурдани назорати прокурорӣ ва тафтишоти пешакӣ ҷидду ҷаҳд менамоям, манфиатҳои шахс, ҷамъият ва давлатро фаъолона ҳимоя мекунам, нисбати таклифҳо, аризаҳо ва шикояти шаҳрвандон бо ҳушёрӣ ва диққат муносибат мекунам, ҳангоми ҳал кардани тақдири одамон адолатро риоя менамоям, сирри давлатӣ ва сирри дигарро, ки қонун ҳифз менамояд, қатъӣ нигоҳ медорам, дар садоқатмандӣ, тозагии ахлоқ, хоксорӣ намунаи ибрат мешавам ва беҳтарин анъанаҳои прокуратураро муқаддас дошта, онро боз ҳам ривоҷ медиҳам. Эътироф мекунам, ки агар ин савгандро шиканам, минбаъд барои дар мақомоти прокуратура будан муносиб нестам» (қ.4 м.47 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти прокуратураи ҶТ».[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Савгандёдкунӣ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 401 - 402