Садафак

Садафак ё Псориаз (юн.-қад. ψωρίασις, аз юн.-қад. ψώρα — хориш) — бемории музмини ғайрисироятии аутоиммунӣ[1], дерматоз, ки асосан дар пӯст пайдо мешавад[2][3][4]. Одатан садафак бо пайдошавии доғҳои сурхи хеле хушк ва аз сатҳи пӯст берун баромада дар шакли папулаҳо (донача, гармичае, ки дар пӯсти бадан аз баъзе касалиҳои пӯст пайдо мешавад) зоҳир мешаванд. Ин папулаҳо метавонанд бо ҳам якҷо шуда, бляшкаҳоро ташкил диҳанд. Ин папулаҳо, аз рӯи табиати худ, минтақаҳои илтиҳоби музмин ва афзоиши аз ҳад зиёди лимфоситҳо, макрофагҳо ва кератинотситҳои пӯст, инчунин ангиогенези аз ҳад зиёд (ташаккули капиллярҳои нави хурд) мебошанд.

Номи илими он Псориаз буда онро шукуфаи фаслӣ низ меноманд, бемории музмини ғайрисироятии пӯст мебошад. Сабаби Псориаз аниқ муайян нашудааст. Ба пайдоиши Псориаз ихтилоли фаъолияти асабу узвҳои эндокринӣ ва мубодилаи моддаҳо (хусусан мубодилаи чарб ва карбогидратҳо), манбаъҳои сирояти музмин – тонзиллит, гайморит, холетсистит, аднексит ва ғ. мусоидат мекунанд. Псориаз тамоюли ирсӣ низ дорад. Псориаз аз ҷумла бемориҳои маъмули пӯст аст. Дар дунё тақр. 3% одамон ба Псориаз гирифтор мебошанд. Псориаз бештар дар синни 10 – 25-солагӣ пайдо мешавад. Он дар кӯдакони 4 – 7-моҳа ва пирони 80 – 82-сола низ вомехӯрад. Дар байни кӯдакон бештар духтарчаҳо, дар байни калонсолон бошад, асосан мардҳо (60 – 65%) гирифтор мешаванд. Псориаз шаклҳои гуногун дорад: нуқтамонанд, наскмонанд, тангамонанд, лихенойидӣ, озахмонанд, ҳалқамонанд, ҷуғрофӣ, сабӯсакӣ ва қубоъмонанд.
Дар аввали беморӣ (дар ҳар синну сол пайдо мешавад) дар пӯст (бештар дар ҷои қадшавии даст ё по), сатҳи бадан ва ҷойҳои мӯйдори сар гиреҳчаи майдаи гулобӣ ё сурхранг пайдо шуда, рӯи онро пулакчаи сафеди нуқратоб фаро мегирад (пулакча зуд беҷо шуда сатҳи сурхтоби он ҷило медиҳад). Доначаҳо тадриҷан афзуда, якҷоя мешаванд ва пулакчаҳои андозаашон гуногунро ҳосил мекунанд. Дар сурати дуру дароз боқӣ мондан, пулакчаҳо ғафс гашта, табобати беморӣ душвор мешавад. Псориаз мумкин аст фақат баъзе ҷойҳои пӯст, мас., атрофи банди оринҷу зону, ҷойҳои сермӯи пӯсти сар ё кафи дасту по, баъзан тамоми баданро иллатнок кунад. Аксар вақт ҳангоми авҷ гирифтани беморӣ доначаҳо якҷоя шуда, ба тамоми пӯст осеб мерасонанд. Ранги пӯст сурхи равшан гашта, бо қабати ғафси пулакчаҳо рӯпуш мешавад (ба ном эритродермияи псориазӣ); дар ин сурат ҳарор. бадан аксар вақт баланд ва гиреҳҳои лимфа калон шуда, вазъи умумии бемор тағйир меёбад. Ҳангоми баъзе шаклҳои Псориаз банду буғумҳо ҳам иллат пайдо мекунанд. Бисёр вақт беморӣ ба пушти нохунҳо низ осеб мерасонад (чуқурчаҳои хол-хол пайдо мешавад); нохун тираю ғафс ва ба чанголи парранда монанд мешавад (онихогрифоз). Псориаз ҳар сари чанд вақт авҷ гирифта, гоҳе муваққатан сабук мешавад (ремиссия). Зарбаи рӯҳӣ, сӯиистеъмоли машруботи спиртдор, риоя накардани парҳез, инчунин организмро заиф намудани бемориҳои дигар сабаби хуруҷи Псориаз мегарданд. Дар аксарияти беморон ҷараёни маризӣ тобистон муваққатан сабук мешавад. Ҳангоми пайдоиши нишонаҳои аввалини иллати пӯст ба духтур муроҷиат кардан зарур аст; беморе, ки дар ӯ Псориаз-ро ташхис кардаанд, бояд зери назорати духтур бошад. Беморро қатъиян аз рӯи таъйиноти духтур табобат мекунанд. Ӯ бояд парҳез кунад (ғизо асосан аз ширу рустанӣ тайёр карда шавад), равғани ҳайвонот ва карбогидратҳо (қанд, картошка, нони сафед)-ро кам истеъмол намояд; ба одамони фарбеҳ равғани рустанӣ, творог, маҳсулоте, ки миқдори зиёди витаминҳои А. гурӯҳи В, С доранд, муфид мебошанд. Иқлими гарм, хусусан соҳили баҳр, ки кас дар он ҷо аз нури офтоб баҳра мебарад ва оббозию истироҳат мекунад, натиҷаи хуб мебахшад. Вале самараи табобат тавассути иқлим аз бисёр ҷиҳат ба шакл ва дараҷаи Псориаз вобаста аст, бинобар ин маслиҳати духтур ҳатмист. Масалан, дар мавриди хуруҷи Псориаз дар офтоб гаштан ва аз ҳад зиёд гарм шудан боиси вазнин ҷараён гирифтани беморӣ мегардад.
| Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Plaque Psoriasis: eMedicine Dermatology.
- ↑ Псориаз // Медицинская энциклопедия.
- ↑ Questions and Answers About Psoriasis.
- ↑ Slowik, Guy, FRCS. What Causes Psoriasis? Бойгонӣ шудааст 6 Январ 2010 сол. ehealthMD.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зоиров П. Т., Бемориҳои пӯст, Душанбе., 1999; ҳамон муаллиф,
- Зоиров П. Т., Болезни кожи, Душанбе., 2002;
- Зоиров П. Т., Частная дерматология и венерология, Душанбе., 2007.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бемории Псориоз барои чи табобат намешавад ва сабабаш дар чист? Бойгонӣ шудааст 4 марти 2016 сол.
- Псориаз, как лечить? - АВИЦЕННА Бойгонӣ шудааст 10 марти 2016 сол.