Садои Душанбе
Садои Душанбе | |
|---|---|
| Шаҳр | Душанбе |
| Кишвар |
|
| Формат | иттилоотӣ, фарҳангию дилхушӣ |
| Басомад | 102.2 FM |
| Замони пахш | шабонарӯзӣ |
| Минтақаи пахш |
|
| Забон | тоҷикӣ, русӣ |
| Таърихи оғози пахш | 18 январи соли 1999 |
| Вебгоҳ | sadoidushanbe.tj |
| https://facebook.com/sadoidushanbe/ | |
| Пахши зинда | sadoidushanbe.tj |
«Садои Душанбе» — аз аввалин шабакаи радиоӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад,ки ба пахши барномаҳои мустақим шурӯъ кардааст яъне заминагузори пайдоиши барномаҳои мустақим дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин шабака бо ташаббуси собиқ раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизион Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар заминаи собиқ радиои шаҳрӣ 18 январи 1999 таъсис дода шудааст[1].
Ҳадаф ва пахш
[вироиш | вироиши манбаъ]Барномаҳои «Садои Душанбе» дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он 12 соат дар як рӯз мустақиман аз соати 8 то 20, баъдан то субҳгоҳон такроран садо медиҳанд. Тавассути «Садои Душанбе» 2 соат дар як рӯз барнома бо забони русӣ пахш мешавад. Дар «Садои Душанбе» ба барномаҳои иттилоотӣ бештар таваҷҷуҳ дода шуда, дар оғози ҳар ним соат хабарҳои тоза бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ садо медиҳанд. Радио дорои барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ низ мебошад. Барномаҳои «Суҳбат дар мавзӯи рӯз», «Оина», «Сайёра ва Замон», «Оила», «Муҳофизони Ватан», «Табобат», «Кӣ медонад?», «Як савол», «Ҳафт авранг», «Дар пайи истеъдодҳо», "Суфраи шом", "Барги сабз", "Ҷаҳони футбол" ва ғайра аз маҳбубияти шунавандагон бархурдоранд. Дар барномаҳои русӣ силсилагуфторҳои мусиқию фароғатӣ, тарбиявию таълимӣ ба мисли «Мысли вслух», «Здоровая семья», «Зеленая аптека», «Городские зарисовки», «Десять лучших звёзд» "День в истории" ва ғайра садо медиҳанд.
Радиои Садои Душанберо дар пайванди зерин метавон ба таври онлайн дар саросари ҷаҳон мустақиман гӯш кард:http://185.121.1.27:8000/sdushanbe Бойгонӣ шудааст 9 июни 2025 сол.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Таърихи таъсиси шабака. Радиои Садои Душанбе. 27 ноябри 2023 санҷида шуд.
- ↑ 26 сол дар фазои иттилоотии Тоҷикистон (ru-RU) (9 июни 2025). 9 июни 2025 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Садои Душанбе // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 552. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.