Садруддин Каломии Лорӣ
Садруддин Муҳаммад ибни Салоҳуддин Каломии Лорӣ (? — 1569, Дакан) — донишманд ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз мардуми Лори Форс буда, дар зодгоҳаш ба омӯхтани илмҳои роиҷи замон пардохт ва ҳамчун олими номвари илми калом ва тафсир шинохта шуд. Тахаллуси «Каломӣ»-ро ба худ гирифтани ӯ низ ба мумтоз буданаш дар илми калом далолат мекунад. Саъид Нафисӣ дар китоби «Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ» менависад, ки тахаллуси «Каломӣ»-ро баъзе аз тазкиранависон бо иштибоҳ «Калоӣ» ва «Кулоҳӣ» низ навиштаанд. Бино ба навиштаи Амин Аҳмади Розӣ дар «Ҳафт иқлим», Садруддин Каломии Лорӣ баъди касби камол «бино бар носозии рӯзгор ба Дакани Ҳинд ворид гардида, дар андак рӯзгоре рояти ҷоҳу ҷалолаш муртафеъ гашта, мухотаб ба „Фозилхон“ шуд ва соҳиби таблу алам ва хайлу ҳашам гардид». Садруддин Каломии Лорӣ дар Деҳлӣ аз ҷониби Акбаршоҳ (ҳукмронӣ 1556—1605) ба мухотаби «Фозилхон» мушарраф шуд ва баъд аз мунозара бо Махдумулмулк Мулло Абдуллоҳи Султонпурӣ «хиҷлат ва малол бардошта, аз Деҳлӣ ба Дакан рафт ва ҳамон ҷо даргузашт» (тазкираи «Рӯзи равшан»). Бадоюнӣ низ дар «Мунтахабу-т-таворих» аз фавти ӯ дар Дакан маълумот додааст. Садруддин Каломии Лорӣ шоири ғазалсаро буд ва аз ашъораш чанд байт дар тазкираву баёзҳо боқӣ мондаанд.
Намунаҳои ашъораш:
Сар ба пойи ӯ ниҳодам, саргарон аз ман гузашт,
Чун гирифтам доманаш, доманкашон аз ман гузашт.
Аз тазкираи «Рӯзи равшан»:
Қади ту соя бияфканд вақти ҷилваи ноз,
Ки сарви ноз ба поят фиканд рӯи ниёз.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Каломии Лорӣ // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.