Сад дар (Китоб)
«Сад дар» - («Сад дари наср», «Сад дари Бундаҳишн»), номи ду рисолаи динии зартуштиён аст ба забони форсӣ, ки бо кӯшиши Ҳирбад Баҳманҷӣ Нушервонҷӣ Дҳабар дар соли 1909 б.м. дар Бамбай мунташир шуд. Мавзӯи ин ду рисола шарҳу баёни Шоист-нашоистҳо ё равову норавоҳои диниву ахлоқии маздопарастон аст, ки ҳар як дар сад дар (сад боб ё фасл) тадвин шудааст. Аз нависандагон ё гирдоварандагони ин рисолаҳо маълумот нест ва таърихи нигориши онҳо ба эҳтимол дар авохири садаи нуҳуми яздигурдӣ (364 то 896) будааст. Рисолаҳои «Сад дари наср» ва «Сад дари Бундаҳишн» аз ҷумлаи навиштаҳои динии зартуштиён аст, ки «Ривоёт» хонда мешавад ва мавзӯи онҳо посухҳои мубадони эронист ба пурсишҳои динии мубадони ҳамкеши худ дар Ҳиндустон ва ба ду раста – «Ривоёти куҳан» ва «Ривоёти нав» ё «Ривоёти бузург» бахш мешавад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- kmt.tj Тоҷнома/ Тавзеҳот PDF(пайванди дастнорас)