Саидалӣ Сиддиқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ (Сиддиқов Саидалӣ Раҷабалиевич) – рӯзноманигор тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

28 сентябри соли 1958 дар ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) таваллуд шудааст.

Соли 1981 шӯъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 1982 КПК факултети журналистикаи собиқ Мактаби олии комсомолии назди КМ ВЛКСМ шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Муҳаррири барномаҳои адабию драмавии Радиои Тоҷикистон, мухбир, мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», журналист-тарҷумони КМ ВЛКСМ дар Афғонистон, ёрдамчии вазири маданияти РСС Тоҷикистон, ҷонишини сардори Идораи телевизион ва радиои Вазорати маданият ва ахбороти РСС Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаҳои «Ориент экспресс», «Вечерний Душанбе», «События».

18 августи 2007 - 30 октябри 2012 - сар. Раёсати иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 30.10.2012 - муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ.

Мудири шӯъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тотористон

? - 30.03.2016 - муовини 1-уми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

30.03.2016 - 19.01.2023 - Директори Агентии миллии иттилоотии «Ховар»[1][2].

аз 19.01.2023 - нафақахӯр

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи зиёда аз 900 очерк, макола, репортаж, мусохиба, очерку хикояхо дар матбуоти точику хоричй, инчунин дар мачмуахои коллективй чоп шудаанд.

Дастовардҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғолиби Озмуни байналмилалии рӯзноманигорони «Русский мир - 2005», ки аз ҷониби «Российская газета» дар якҷоягӣ бо Конфедератсияи байналмилалии иттиҳодияҳои журналистони ИДМ, озмуни Маркази САҲА ва ТФИО барои беҳтарин маводи журналистӣ дар номинатсияи «Мавқеи шаҳрвандӣ» ва озмуни анъанавии рӯзномаи «Курери Тоҷикистон», «Беҳтарин рӯзноманигори сол – 2006».

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]