Саидраҳмон Саидов
Саидраҳмон Саидов (зод. 22 декабри 1944, ноҳияи Варзоб) — адабиётшинос, номзади илмҳои филология (1987), дотсент (1993), профессор (2022)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1963—1970 дар шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1965—1967 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1970—1972 муаллими фанни адабиёт ва директори мактаби 8-солаи № 121 ноҳияи Варзоб, 1972—1975 аспирант, 1976—1977 лаборанти калон, 1977—1995 муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Ҳамзамон ҳамчун муовини декани факултети забон ва адабиёт ва декани шуъбаи ғоибонаи факултети номбурда кор кардааст. Солҳои 1995—1996 вазифаи декани факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро ба уҳда дошт. Аз соли 2005 муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба корҳои илмӣ ва мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Оид ба жанри Абулқосим Лоҳутӣ ҳамчун адиби бачагон корҳои илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ, илмию оммавӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад. Бо роҳбарии ӯ якчанд нафарон рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1989), ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ мукофотонида шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёти қадим, Д., 1998, 2005; Адабиёти Юнону Рими бостон, Д., 1998, 2007; Корҳои санҷишӣ аз таърихи адабиёти тоҷики асрҳои ІX-XV, XVІ-XІX ва ибтидои асри ХХ, Д., 2004; Корҳои санҷишӣ аз муқаддимаи адабиётшиносӣ ва адабиёти шифоҳии халқи тоҷик. Қисми 1, Д., 2005; Назмшиносӣ (дастури таълимӣ), Д., 2007; Абдусалом Деҳотӣ — адиби бачагон, Д., 2009; Тафсири шеър, моҳият ва асолати он, Д., 2009; Лоҳутӣ — тарҷумони асарҳои бачагона // Чанд мулоҳизаи адабӣ (Маҷмӯаи илмӣ), Д., 1974; Мулоҳизаҳо роҷеъ ба тарҷумаи як афсонаи Пушкин // Образ ва маҳорат (Маҷмӯаи илмӣ), Д., 1977; Назари устод Айнӣ ба санъат ва наоварӣ // Образ ва маҳорат (Маҷмӯаи илмӣ), Д., 1979; Таълими «Ҳамсафарон»-и Лоҳутӣ дар синфи 6 // Мактаби советӣ, 1990, № 6; Баҳорияҳои Пайрав // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, № 9, Д., 2001.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |