Саидумрон Саидов
Саидов Саидумрон | |
Таърихи таваллуд | 31 октябр 1968 (56 сол) |
Зодгоҳ | Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Ёва |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | адабиётшинос |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология (1996) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент (2002) |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1985-1992) |
Ҷоизаҳо | Дорандаи Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров (2012) |
Саидумрон Саидов — адабиётшинос, рӯзноманигор, номзади илмҳои филология (1996).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидов Саидумрон 31 октябри соли 1968 дар Ҷамоати деҳоти Ёваи Бобоҷон Ғафурови, вилояти Суғд таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро соли 1985 хатм карда, ҳамон сол ба факултети таъриху филологияи тоҷики Институти педагогии ба номи С.М Кирови шаҳри Хуҷанд имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дохил шуда, онро соли 1992 бо дипломи сурх ба итмом расонидааст.. Солҳои 1987-89 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав хидмати Ватанро адо кардааст. Фаъолияти кориашро соли 1992 ҳамчун муаллим дар кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров оғоз кардааст., Саидумрон Саидов дар ҷодаи телевизион фаъолияти густурда дорад: Солҳои 1996-2007 муҳаррир, сармуҳаррир ва директори Телевизиони ҳафтум, сармуҳаррири ШТР СМ-1, директори барномаҳо ва сардори Идораи Телевизион ва радиои вилояти Суғд шуда кор кардааст. Муаллифи бештар аз ҳазору дусад барномаи сиёсӣ ва фарҳангиву адабӣ мебошад. Аз соли 2007 то 2014 сардори Муассисаи давлатии Қасри Ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ буд. Тӯли ҳафт соли фаъолият дар ин коргоҳ бештар аз 500 чорабинии фарҳангиву адабӣ ва сиёсӣ бо ташаббуси Саидумрон Саидов баргузор гардидааст. Наздики ду сол дар вазифаи Раиси Ҷамоати Деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор карда, дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷамоат саҳм гузошт. Солҳои 2015- 2017дар вазифаи сардори Раёсати илм ва иноватсияи Донишгоӣи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кор кардааст. Саидумрон Саидов аз соли 2011 роҳбари маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” мебошад, ки ҳар моҳ муттасил таи 14 сол аст, ки амал мекунад ва дар доираи илму адаби кишвар маъруфият пайдо кардааст. Саидумрон Саидов дар Академияи хизматчии давлатии назди Президенти Русия дар курси кӯтоҳмуддат таҳсил кардааст. Дорандаи Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Ҷоизаи адабии шаҳри Табрез «Камол ва Шаҳриёр» мебошад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Алъон дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи акабемик Бобоҷон Ғафуров мебошад
Фаъолияти илмӣ, фарҳангӣ ва журналистӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидов Саидумрон Фаъолияти кориашро соли 1992 ҳамчун муаллим дар кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров оғоз карда, соли 1996 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Фарҳангҳои тафсирии асрҳои Х1-Х1У ва масоили нақду тасҳеҳи мутуни адабӣ» таҳти роҳбарии адабиётшиноси маъруф, доктори илмҳои филология, профессор Абдулманнон Насриддинов дифоъ кардааст. Саидумрон Саидов дар ҷодаи телевизион муаллифи бештар аз ҳазору дусад барномаи сиёсӣ ва фарҳангиву адабӣ мебошад. Барномаҳои маъруфи телевизионии ӯ “Чашмандоз”, “Маърифати ислом”, “ Мероси Оли Сомон”, “Ганҷинаи Мавлоно”, “Оинаи шаб”, “Дурри дарӣ”, “Бузургони Хуҷандшаҳр” ва даҳҳо филму очеркҳои телевизионӣ мебошад. Бштар аз 500 чорабинии фарҳангиву адабӣ ва сиёсӣ бо ташаббуси Саидумрон Саидов баргузор гардидааст. Барнома-маҳфилҳои “Чашмаи бовар”, “Давлати дидор”, озмуни ҳунармандони наврас ”Навои ҷовидон” , фестивали байналмилалии “Шашмақом” шабҳои эҷодии ҳунармандону суханварони номвари тоҷик ҳамагӣ аз натиҷаи заҳматҳои Саидумрон Саидов мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидумрон Саидов муаллиф ва мураттиби бештар аз 20 асари илмиву адабӣ ва методӣ ва 300 мақолаҳои илмиву публистистӣ, доир ба масоили таърихи адабиёти форсу тоҷик, нақди адабӣ, таърих, сиёсат, матншиносӣ, луғатнигорӣ, ва журналистика мебошад. Ҳамчун мураттиб ва муҳаррири силсилаи зиёди китобҳои адабиву илмӣ ва сиёсӣ ва таърихист. Китобҳои муҳими илмии ӯ “Адабиёти давраи Сомониён дар фарҳангҳои форсӣ”(1999), “Нақд дар оинаи фарҳанг” (2011) “Калиди ганҷи маънӣ”( 2016 ), “Гулшани маънӣ”, дастуроти таълимӣ “Калиди маънӣ”, ” Таҳлили матншиносии осори Шайх Саъдии Шерозӣ”, “Роҳнамои маънӣ” ва ғайра мебошад. Ӯ яке аз муратибони “Девон”- Камоли Хуҷандӣ (2011) мебошад. Ҳамчунин дар таҳияи илмӣ-интиқодии “ Фарҳанги Қаввос”- Фахриддин Муборакшоҳи Ғазнавӣ, “ Симои Имоми Аъзам Абўҳанифа”-и Аллома Шиблии Нўъмонӣ саҳм гирифтааст.
Китобҳо (Монографияҳо)
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фарҳанги Қаввос –сарчашмаи суханшиносӣ. – Хуҷанд: Наргис, 1993. – 50 саҳ.
- Сиҳоҳ-ал-фурс ва интиқоди матн. – Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1996. – 40 саҳ.
- Адабиёти давраи Сомониён дар фарҳангҳои форсӣ. –Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. - 300 саҳ.
- Табйин-ул-ҳақоиқ. (дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода) – Хуҷанд: Хуросон, 2005. -318 саҳ.
- Диловарони Ёва (дар ҳаммуаллифӣ бо Мӯҳсин Аминзода ). - Хуҷанд: Ношир, 2005. – 215 саҳ.
- Сад суолу ҷавоб перомуни Имоми Аъзам. – Хуҷанд: Ношир, 2008. – 105 саҳ.
- Таҳлили ҳикоёт аз «Бўстон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ. - Хуҷанд: Ношир, 2008. - 107саҳ.
- Шинохти Имоми Аъзам дар мактаб. (Раҳнамои таълимӣ ба омўзгорони мактабҳои таҳсилоти миёна) (Дар ҳамдастӣ бо Раҳимов И.) –Хуҷанд: Ношир, 2009. - 153 саҳ.
- Раҳнамои зиндагӣ (насиҳат ба духтар). Хуҷанд, 2010. – 31 саҳ.
- Нақд дар оинаи фарҳанг. - Хуҷанд: Андеша, 2011. – 172 саҳ.
- Гулшани маънӣ. Раҳнамо барои омўзгорони забон ва адабиёти тоҷик.(Дар ҳамқаламӣ бо Шодӣ Шарифов)– Хуҷанд: Ношир, 2013. -222 саҳ.
- Калиди ганҷи маънӣ. –Хуҷанд: Ношир, 2016. – 180 саҳ.
- Давлат,сиёсат,ҷомеа. Дар ҳаммуаллифӣ. Хуҷанд, Ношир 2018. 596 саҳ
Осори таълимӣ-методӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Таҳлили матншиносии осори Шайх Саъдии Шероз. (дар асоси матни «Гулистон»). – Хуҷанд: Ношир, 2010. 130 саҳ.
- Раҳнамо ба олами маънӣ (дастури таълими аз фанни «Тафсири шеър»).-Хуҷанд:Андеша, 2011. – 76 саҳ.
- Назарияи луғатшиносӣ (дастур барои донишҷўён). - Хуҷанд: Пайванд, 2012. - 46саҳ.
- Тафсири шеър (Дар асоси матни «Маснавии маънавӣ»-и Ҷ.Румӣ). - Хуҷанд: Андеша, 2012. - 108 саҳ.
- Таҳлили матни «Бўстон»-и Саъдӣ (комплекси таълимӣ аз фанни матни классикӣ).-Хуҷанд: Ношир, 2012. - 99саҳ.
- Муқаддимаи матншиносӣ (барои донишҷўёни факултаи суханшиносӣ). –Хуҷанд: Пайванд, 2012. - 101саҳ.
- Раҳнамо ба олами маънӣ (комплекси таълими аз фанни «Тафсири шеър»). -Хуҷанд: Ношир, 2012. - 78саҳ.
- Калиди маънӣ (комплекси таълимӣ аз фанни «Тафсири шеър»). - Хуҷанд: Андеша, 2012. - 68саҳ.
- Матни классикӣ(Дар асоси матни «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ) - Хуҷанд: Андеша, 2012. -151саҳ.
- Сайре дар «Бўстон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ (Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни «Матни классикӣ»). - Хуҷанд: Андеша, 2013. - 91саҳ.
- Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни «Матни классикӣ».(дар асоси матни «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ) - Хуҷанд: Андеша, 2014. - 103саҳ.
- Дарси луғатшиносӣ (комплекси таълимь аз фанни “Назарияи луғатшиносӣ”). - Хуҷанд, Ношир.- 2017. - 88 саҳ.