Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: олим, шоир
Таърихи таваллуд: 10 июн 1955(1955-06-10) (68 сол)
Зодгоҳ:
Вироиши Викидода

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода (зод. 10 июни 1955, деҳаи Ростровут, ноҳияи Ғончӣ) — донишманди ислом, шоир, номзади илмҳои филология (2004), сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин ва муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода 10 июни соли 1955 дар деҳаи Ростровути ноҳияи Ғончӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1973 ба мадрасаи «Мири Араб»-и Бухоро дохил шуда, онро соли 1978 бомуваффақият хатм намудааст. Баъдан тайи солҳои 1978—1990 вазифаи сархатиби масҷиди ҷомеи «Ғулакандоз»-и ноҳияи ба номи Ҷаббор Расуловро адо кардааст. Солҳои 1990—1992 дар факултаи улуми қуръонии Донишгоҳи байналмилалии исломии Либиё таҳсили илм кардааст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар ибтидои соли 1993 сархатиби масоҷиди вилояти Ленинобод интихоб шуда, аз соли 1994 ҳамчун сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин ва ҳамзамон ноиби муфтии мусалмонони Тоҷикистон адои вазифа кардааст. ӯ аз моҳи майи соли 1997 инҷониб Раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд, сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин ва дар як вақт муовини Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, то кунун дар ин мақом адои вазифа мекунад.

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1993—2012 беш аз 100 мақолаи ӯ дар матбуот чоп шуда, зиёда аз 300 барномаю суҳбатҳояш дар мавзӯъҳои гуногуни динӣ ва панду ахлоқӣ дар телевизион манзури мардуми шарифи Тоҷикистон шудаанд.

Ҳашт китоби ӯ таҳти унвонҳои «Гавҳари имон мафурӯш» (1997), «Бунёди оила дар ислом» (1998), «Сию се суҳбати судманд» (2001), «Ҳазрати бузургвор» (2001), «Маъхаз-ул-маъонӣ аз оёти қуръонӣ» (2004), «Ҳаҷнома» (2007), «Табйин-ул-ҳақоиқ» (2008), «Анвор-ул-мактубот» (2009), «Мазҳаб ва соҳибмазҳаб» (2011) бо теъдоди умумии 8000 нусха интишор ёфтааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода соли 2004 дар заминаи китобаш «Маъхазу-л-маъонӣ аз оёти қуръонӣ» дар мавзӯи «Усули истифодаи оёт ва қиссаҳои қуръонӣ дар „Маснавии маънавӣ“-и Ҷалолиддини Румӣ» рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади улуми филологӣ дифоъ намудааст[2]. Китоби ӯ таҳти унвони «Илм дар тасаввуф» таҳқиқоти наве дар пажӯҳиши тасаввуфшиносӣ ба шумор меояд.

Сафарҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода тӯли фаъолияти беш аз сисолаи хеш ба бисёр мамолики Шарқу Ғарб, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Эрон, Кувайт, Урдун, Сурия, Туркия, Миср, Либиё, Алҷазоир, Фаластин, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Кипр, Италия, Нигерия, Мали, Мавритания, Малайзия, Уганда, Сенегал сафарҳои хидматӣ анҷом додааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]