Jump to content

Сайдалӣ Султонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайдалӣ Султонов

Сайдалӣ Султонов (тав. 5.06.1942, деҳаи Эловар, ноҳияи Ваҳдат) — зистшиноси тоҷик, номзади илмҳои биологӣ (1975), дотсент (1984).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1960—1963 дар Раёсати сохтмони Ёвонтрести Тоҷикгидрострой ба сифати коргар фаъолият намудааст. Солҳои 1963—1968 дар шуъбаи биология ва химияи факултети география ва табиатшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Баъди хатми аспирантура соли 1972 ба сифати муаллим, муаллими калон ва дотсенти кафедраи ботаникаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко фаъолият намудааст. Солҳои 1983—2005 мудири кафедраи ботаникаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Ҳамчунин солҳои 1991—1994 вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии № 28 деҳшӯрои Чӯянгарони ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) интихоб шудааст. Доир ба флора ва набототи Тоҷикистон, масъалаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табии набототи ҷумҳурӣ тадқиқоти илмӣ бурдааст. Оид ба ин масъала зиёда аз 50 кори илмӣ-тадқиқотиро ба табъ расонидааст. Муаллифи 6 китоби дарсӣ, аз ҷумла «Ботаника барои синфҳои 5-6» (2001), «Ботаника барои синфи 5» (2005), «Ботаника барои синфи 6» (2005), «Биологияи умумӣ барои синфи 11» (2006), «Машғулиятҳои лабораторӣ аз фанни ботаника барои донишҷӯёни бахши аввали факултетҳои биологӣ» (2000), «Ботаника — дастури таълимӣ-методӣ доир ба машғулиятҳои лабораторӣ аз анатомия ва морфологияи рустаниҳо» (2009) ва 7 барномаи таълимӣ аз фанҳои биологӣ мебошад. Яке аз мураттибони Стандарти давлатии маълумот аз фанни биология барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ аст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1989), ифтихорномаҳои КМ комсомоли Тоҷикистон ва ифтихорномаи Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон (1988) сарфароз карда шудааст.