Jump to content

Сайид Абдуллоҳи Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайид Абдуллоҳи Бухороӣ

Сайид Абдуллоҳи Бухороӣ (қарни XVII) — хушнавис ва хаттоти форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Бухоро. Бо номҳои «Дарвеш Абдӣ» ва «Мавлавӣ» шуҳрат доштааст. Санъати хаттотиро аз Миръимоди Ҳасанӣ омӯхтааст. Ба шаҳрҳои Истамбул, Исфаҳон, Ҳиҷоз ва сарзамини Миср сафар кардааст. Ҳангоми дар Истамбул иқомат доштанаш шӯҳрати хати настаълиқро афзуда, «Шоҳнома»-и Фирдавсиро китобат кардааст.

  • Саид Абдуллоҳи Бухороӣ / Г. Аҳмадов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).