Jump to content

Сайид Муҳаммад Боқир Дарчайӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сайид Муҳаммад Боқир Дурчаӣ (1848-1923) Олим ва муҷтаҳиди мазҳаби шиа.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сайид Муҳаммад Боқир Дурчаӣ яке аз фақиҳони шиаи асри нуздаҳум ва бистум ва аз устодони ҳавзаи илмияи Исфаҳон буд. Ӯ дар Наҷаф назди Мирзои Шерозӣ ва Мирзо Ҳабибуллоҳ Раштӣ ва дар Исфаҳон назди Муҳаммад Боқир Хонсорӣ таҳсил кардааст. Аз шогирдони ӯ метавон ба оятуллоҳ Сайид Абулҳасан Исфаҳонӣ ва оятуллоҳ Ҳусайн Буруҷердӣ ишора кард.[1]

Сайид Муҳаммад Боқир Дурчаӣ соли 1848 дар деҳаи Дурчаи ноҳияи Ланҷон дар шаҳри Исфаҳон таваллуд шудааст. Наслу насби ӯ ба Имом Мусо Казим (а) мерасад. Падараш Муртазо ва бародаронаш Муҳаммад Ҳусейн ва Муҳаммад Маҳдӣ аз олимҳои дин буданд. Маҳдӣ аз донишҷӯёни ҳавзаи Наҷаф ва аз устодони машҳури фиқҳу усули ҳавзаи Исфаҳон ба шумор мерафт. Падарбузурги ӯ Муҳаммад Мирлавҳии Сабзаворӣ аз олимони бузурги Исфаҳон дар давраи Сафавиён ва ҳамзамон бо Муҳаммад Тақии Маҷлисӣ буд. Дурчаӣ дар соли 1923 дар Дурча вафот кард.Ҷасади ӯ аз Дурча ба Исфаҳон интиқол дода шуд ва дар қабристони Тахтифулод ба хок супурда шуд.[2]

Баъзе аз шогирдони оятуллоҳ Дурчаӣ инҳоянд:[3]

  • Сайид Абулҳасан Исфаҳонӣ
  • Сайид Ҳусейн Буруҷердӣ
  • Ҳасан Ҷобирӣ Ансорӣ
  • Алӣ Оқо Шерозӣ
  • Муҳаммад Ҳасан Оқо Наҷфӣ Қучонӣ
  • Сайид Ҷамолуддин Гулпайгонӣ
  • Сайид Ҳасан Модарс
  • Раҳим Арбоб.