Jump to content

Саймуддин Бурҳонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саймуддин Бурҳонов
Таърихи таваллуд 24 май 1928(1928-05-24)
Зодгоҳ деҳаи Ҳоит, ноҳияи Ғарм
Таърихи даргузашт 4 март 1993(1993-03-04) (64 сол)
Маҳалли даргузашт Рашт
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1964)

Саймуддин Бурҳонов (24 майи 1907, деҳаи Ҳоит, ноҳияи Ғарм — 4 марти 1993, Рашт) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1964).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саймуддин Бурҳонов соли 1928 дар деҳаи Ярхичи ноҳияи Ҳоит дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст[1]. Соли 1933 модараш ва соли 1934 падараш аз дунё гузаштанд. Ӯ дар тарбияи модаркалонаш монд. Овози хушу дилкаш ва истеъдоди худододи ҳофизӣ дошт. Тағояш Мудин Бадриддин, ки дар деҳаи Ярхич зиндагӣ мекарду дар қатори ҳофизони шинохтаи ҳамон давра ном бароварда буд, гоҳ — гоҳе ӯро наздаш хонда, машқи навохтан ва сурудхониаш медод.

Аз пайравони сабки Шариф Ҷӯраев буд, ботадриҷ сабкашро ёфт ва аз тақлид канор ҷуст. Умре дар макотиби миёнаи ноҳияи Ғарм аз фанни мусиқӣ дарс гуфта, ба дас¬таҳои ҳунарии маҳаллӣ роҳбарӣ намудааст, борҳо дар ҷашнвораҳои мусиқии ҷумҳуриявӣ ҳаваскорони санъати раштӣ бомуваффақият ҳунар озмудаанд. ӯ овози ширадор ва форам дошт, аз эҷодиёти халқ, ашъори шуарои пешину муосир таронаҳои зиёд сурудааст. «Оҳуи дар кӯҳсор», «Муборак бод», «Гул ба боғ», «Дӯстонро чӣ шуд», «Ёд бод», «Зиндагӣ», «Афсонаи нав», «Хандаи иқбол», «Асрори дил», «Ханҷар ба ҷонам», «Ба партия», «Сулҳ» аз зумраи онҳоанд. Дар саҳнаи Театри халқии ноҳияи Рашт композитсияҳои мусиқӣ ва адабӣ, драмаҳои якпардагиро таҳия кардааст.

Бо ду Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистонқадр шудааст.

  1. Диловари Мирзо. Аз пушти дари хотира. Садои мардум (18 Январ 2022). 26 сентябри 2023 санҷида шуд.
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  • Диловари Мирзо, Хунёгар. Д., 2012.