Сайнак Сайнаков
Сайнак Сайнаков | |
|---|---|
| Сайнак Парпишоевич Сайнаков | |
| Таърихи таваллуд | 12 март 1977 (49 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Рушон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | таърих, таърихи муносибатҳои байналхалқӣ |
| Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих (2015) |
| Унвонҳои илмӣ | дотсент (2019) |
| Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
| Ҷоизаҳо | Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023) |
Сайнак Парпишоевич Сайнаков (зод. 12 марти 1977, деҳаи Дерзуд-Барзуд, ноҳияи Рушон, ҶШС Тоҷикистон) - таърихнигор ва омӯзгори тоҷик, номзади илмҳои таърих (2015), дотсент (2019).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сайнак Сайнаков солҳои 1983—1994 дар мактаби миёнаи № 8 ба номи Назаршо Бозидови ноҳияи Рушон таҳсил намудааст. Солҳои 1995—2000 коргари колхози «Наврӯз» — и ноҳияи Рушон буд. Солҳои 2000—2005 дар факултети таърихи ДДОТ ба номи ҚандиҶӯраев таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии байни донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон аз фанни таърих дар соли 2005 мебошад. Аз соли 2005 то соли 2007 ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик, солҳои 2007—2010 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи мазкур, солҳои 2010—2012 ассистент, солҳои 2012—2013 муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик ва с. 2013—2015 муовини декан оид ба корҳои илмии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Аз соли 2015 то соли 2022 мудири кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва аз соли 2022 то имрӯз мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Аз соли 2019 ба тариқи ҳамкор дар вазифаи дотсенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад ва аз январи соли 2020 то январи соли 2024 дар вазифаи ходими пешбари шуъбаи таърихи қадим, асри миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ низ фаъолият намудааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи 100 корҳои нашршуда, аз ҷумла китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ — методӣ, барномаҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ — тадқиқотӣ мебошад. Дар таълифотҳояш масъалаҳои таърихи сиёсии халқи тоҷик, таърихнигории мардумшиносии тоҷикон ва масъалаҳои давлатдории Ашкониёнро мавриди баррасӣ қарор додааст. Таҳти роҳбарии ӯ ду докторант (PhD) ва ду унвонҷуй рисолаҳои илмиашонро дифоъ намудаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муборизаи халқи тоҷик ба муқобили истилогарони муғул. Маводи таълимӣ. — Душанбе, 2011. — 72 с.
- Таърихи Россия (охири асри XVII — ибтидои асри XX). — Душанбе, 2014. — 254 с.
- Таърихнигории давраи нави мамлакатҳои Европа ва Америка. — Душанбе, 2018. — 180 с.
- Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ. — Душанбе, 2020. — 650 с.
- Таърихи Россия дар давраи империя. — Душанбе, 2021. — 345 с.
- Таърихнигории таърихи наву навтарини мамлакатҳои хориҷӣ (Европа ва Америка). Дастури таълимӣ-методӣ. — Душанбе, 2021. — 405 с.[2]
- Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ. Нашри дуюм. — Душанбе, 2024. — 812 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сайнак Парпишоевич Сайнаков(пайванди дастнорас)
- ↑ Сайнак Парпишоевич Сайнаков. 31 июли 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 августи 2023.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 12 март
- Зодагони соли 1977
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Рушон
- Номзадҳои улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Таърихнигорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон