Вебгоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Сайт)
Jump to navigation Jump to search
Саҳифаи аввали Wikipedia.org

Вебгоҳ, торгоҳ, торнамо (форсӣ: وبگاه، تارگاه، تارنما‎), сайт, ё веб-сайт (аз англ. website: web — «тортанакхона, шабака» и site — «ҷой», лафзан «ҷой, ҷой дар шабака»), — маҷмуаи саҳифаҳои интернетӣ, ки дорои домен ва ё зердомени интернетии муштараканд ва тавассути ҳадди ақали як сервери веб интишор дода мешавад.

Сафҳаи веб санадест, ки маъмулан ба сурати HTML навишта мешавад ва ҳамвора бо истифода аз протокол HTTP метавон ба он дастраст пайдо кард. Протколи HTTP иттилоотро аз корсози вебгоҳ ба мурургари веби корбар мунтақил мекунад то ин иттилоот барои корбар намоиш дода шаванд.

Вебгоҳҳо нақшҳои мухталифе доранд ва ба ҳолатҳои гуногуне ба кор мераванд. Як вебгоҳ мумкин аст вебгоҳи шахсӣ, тиҷорӣ, давлати ё мутааллиқ ба як созмони ғайринтифоъӣ бошад. Ҳамаи вебгоҳҳо дар канори ҳам як тори ҷаҳонгустари бузурги аз иттилоотро дуруст мекунанд.

Эзоҳ[вироиш]