Сайфии Нишопурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайфии Нишопурӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Бадеъуззамон Алӣ ибни Аҳмад Сайфии Нишопурӣ (? — қарни XII) — шоир, нависанда ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Маълумоти тарҷумаиҳолӣ дар бораи Сайфии Нишопурӣ хеле кам аст. Вале дар аксари тазкираҳо (аз «Лубобу-л-албоб» то «Маҷмаъу-л-фусаҳо») исми Сайфии Нишопурӣ ҳамчун шоири бомаҳорат ва насрнависи тавоно зикр гардидааст. Аз таълифоти Сайфии Нишопурӣ то замони мо 1 қасидаи нопурра, 4 ғазал ва 1 рубоӣ тавассути тазкираҳо расидаанд. Қасидаи Сайфии Нишопурӣ ишқӣ буда, дар он калимаҳои «сим» ва «санг» илтизом шудаанд:

Эй нигори сангдил, зи луъбати симинузор,
Дар дили ман меҳри ту чун сим дар санг устувор.

Якчанд байти ин қасидаро Шамси Қайси Розӣ дар «ал-Муъҷам» барои санъати эъҷот далел овардааст. Ғазалҳои Сайфии Нишопурӣ дар мавзӯи ишқ, баҳор, зебоиҳои табиат ва хушиҳот зиндагӣ суруда шудаанд. Ба қавли Мудаммади Авфӣ Сайфии Нишопурӣ китобе доштааст иборат аз сад номаи ошиқона «дар маънию аҳвол, ки миёна ошиқу маъшуқ уфтад». Китоби мазкур бо лутфу таровати махсусе таълиф шуда, писанди аҳли фазлу адаб гардида буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Сайфии Нишопурӣ / С. Имронов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).