Сайфи Фарғонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сайфи Фарғонӣ
Мамлакат:
Санаи марг:

1348

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ — муосир ва дӯсти Саъдии Шерозист. Солҳои таваллуду вафоти ӯ аниқ нест. Аз навиштааҳояш бармеояд, ки вай дар замони истилои муғул зиндагӣ кардааст. Солҳои 20-уми асри XIII дар водии Фарғона юа дунё омадааст. Сайфиддин Мухаммади Фаргони муосир ва дусти Саъдии Шерозист. Солҳои таваллуду вафоти у аник нест, аммо аз навиштахояш бармеояд, ки вай дар замони истилои мугул ва ё каме баъдтар аз он, замоне, ки «хуни азизон ба сони об равон буд», яъне солҳои 20-уми асри XIII дар водии Фаргона ба дуне омадааст. Сайф баъдтар аз ватан хичрат карда, чанд гох дар Табрез умр ба сар мебарад. Ин вокеа байни солҳои 1262 – 1284, вакте Шамсиддин Ҷувайнии Сохибдевон вазири элхонон буд, ба вукуъ пайвастааст. Сайф ба Сохибдевон китъае иншо карда, бо хоҳиши ӯ ба чанд ғазал чавоб гуфтааст. Аз охири солҳои 80-ум то соли 705 хичри (1305-1306 мелоди) дар Оксарой ном шахрчаи Рум ба тангдастӣ зиндаги кардани шоир маълум аст. Сабаби аз Табрез рафтани Сайф он аст, ки баъди катли Ҷувайнӣ тарафдорону наздиконаш ба таъкибот дучор шуданд ва шоир химоятгари худро аз даст дод. Сайф дар Рум бо ноиби элхонон Мучируддин Амиршох робита дошта, аз он чо ба Табрез ба унвони Ғозон (1304) ду нома – касидаи шикояти фиристодааст. Мухаккикон вафоти Сайфро байни солҳои 1306-1315 тахмин кардаанд. Аз Сайф девони мураттабе дар даст дорем, ки аз касида, ғазал, китъа ва рубои иборат буда, кариб 10 500 байтро ташкил медихад.

Аз қасоид[вироиш]

Манам ёро, бад-ин сон уфтода,
Диламро суз дар чон уфтода.
Гами чандин парешонхол имрӯз
Дар ин табъи парешон уфтода.
Бубин дар нони халқ ин каждумонро,
Чу андар гушт кирмон уфтода.
Авонон андар у гӯӣ сагонанд,
Ба соли қаҳт дар нон уфтода
Хама дар орзуи молу ҷоҳанд,
Ба чоҳ андар чу курон уфтода.
Шикам пур карда аз хамру дар ин хок
Хама дар гил чу мастон уфтода.
Ту эй бечора, он гах нон хури сер,
Гар аз ҷӯӣ бад – ин сон уфтода.
Ки бини дар дахони милк берун
Сагонро хамчу дандон уфтода.
Ба чои анбару мушкаш куну ҳаст
Газанда дар гиребон уфтода.
Тавонгар, к – аз паи дарвеш доим
Зараш буди зи домон уфтода.
Басе мардум зи сармо бар заминанд,
Чу барф андар зимистон уфтода.
Дарего, мукнати чандин тавонгар
Ба дасти ин гадоён уфтода.
Аз ангушти Сулаймон рафта хотам,
Вале дар дасти девон уфтода.
Занонро гуй дар майдони чавгон
Зи дасти марди майдон уфтода.
Чу мургон омада дар доми сайёд,
Чу дона пеши мургон уфтода.
Ба ахди ин сагон аз бешубонист
Рама дар дасти сирҳон уфтода.
Раият гуспанданд, ин сагон гург,
Хама дар гуспандон уфтода.
Зи дасту пои ин гарданзанон аст
Саросар мулк вайрон уфтода!
Аё мазлуми саргашта, ки хасти
Чунин махруму хайрон уфтода.
Зи чаври золимон дар шахри хеши
Ба хорӣ чун гарибон уфтода.
Агар сабрат бувад рӯзе ду бинӣ:
Авонон кушта, мирон уфтода.
Амироне, ки бар ту зулм карданд,
Ба хорӣ чун асирон уфтода.
Хар он к – у андар ин хона муким аст,
Чу девораш ҳамедон уфтода.
Ҷаҳончуе агар ногах бихезад,
Басе бини бузургон уфтода.
Чи медонанд кори давлат ин кавм,
Ки дар динанд нодон уфтода.
Кулохи иззат андар пои хори,
Зи сарҳои азизон уфтода.
Ба охи чун ту мазлум афсари мулк,
Зи фарқи точдорон уфтода.
Гараш гардун сарири мулк бошад,
Бар у сад моҳи тобон уфтода.
Зи болои амал дар пастии азл
Чунин касро хамедон уфтода.
Ту низ, эй Сайфи Фарғонй, чарой
Хазин дар байтулэхзон уфтода?
Хам охир дигаре бар чои инон,
Нишаста дону онон уфтода.
Дар ин бог ин сапедорони бебар
Ба боде чун дарахтон уфтода.
Худо дармон фиристад мардумеро,
К-аз ин дарданд нолон уфтода.


Аё ба хукм ситам карда бо заифу кавй,
Ту очизиву Худои ҷаҳон кавию кадир...
Чу навбатат бизананд, эй амир, агар рӯзе
Раият аз ситамат чун духул кунанд нафир.
Сари ту чун буни хован ба куфтан шояд,
Вагар бувад ба масал чумла магз чун сари сир.
Авон саг аст чу дар нияташ ситам бошад,
Ки оташ аст ва гар шуълае надод асир.
Ба мавъизат натавонам туро ба роҳ овард,
Сафолро натавонад, ки зар кунад иксир.
Ба майли ман нашавад дидаи дилат равшан,
Ки нур боз наёбад ба сурма чашми зарир.
Агар бисузй, эй хом, пухта хохй шуд,
Ки нон ба мартаба rax гандум асту гох хамир.
В-агар ба назди ту хор аст, орифон донанд,
Ки ман гуле ба ту додам зи бустони замир.
Худ арчи пир шавад давлаташ чавон бошад,
Агар кабули насихат кунад чавон аз пир.
Ба молу умр агарчй тавонгар асту чавон,
Ба панд додани пирон ғанист чун ту факир.
Чу ту амир ба ашъори Сайфи Фаргонй
Чу подшох бувад муфтакир ба панди вазир.
Дар ин давр эхсон нахохем ёфт,
Шакар дар намакдон нахохем ёфт!
Ҷаҳон cap ба cap зулму удвон гирифт,
Дар у адлу эхсон нахохем ёфт.
Саги одамирӯ вилоят пур аст,
Касе одамисон нахохем ёфт.
Ба давре, ки мардум сагй мекунанд,
Дар у гургу чупон нахохем ёфт.
Таваққӯъ дар ин давр дарди дил аст,
Дар у роҳати чон нахохем ёфт!...
Шаётин гирифтанд руи замин,
Кунун дар вай инсон нахохем ёфт.
Бузургони давлат кироманд, лек
Карам з-ин «каримон» нахохем ёфт!
Саховат нишони бузургй бувад,
Вале з-ин «бузургон» нахохем ёфт!
Вагар з-он ки матлуби мо роҳат аст,
Дар айёми эшон нахохем ёфт.

Аз ғазалиёт[вироиш]

Омадй Чамшеду Махди, то шуди саркуфта
Мори заҳҳокони зулм аз гурзи Афредуни адл.
Гар хоҳӣ, то назм гирад кори мулку дин зи ту,
Чаҳд кун, то чумла афъолат шавад мазмуни адл.
То мизочи мамлакат сиҳҳат пазирад баъд аз ин,
Хилти зулм аз табъ берун кун ба афтемуни адл.
Зулмати зулмат ки аз пушти замин бархостй,
Руй бинмудй ба мардум чехраи гулгуни адл.
Хирси зар гар кам буди дар ту аруси мулкро,
Гуш икди дур шудй аз лулуи макнуни адл.
Сайфи Фаргонй, чу пайдо гашт буми шуми зулм,
Рост чун анқо ниҳон шуд тоири маймуни адл.


Булбул аз бахри саргузашти фирок
Бо гул андар такаллум омад боз.
Ин хама чист, хеч медони?
Хуснро ишк дар дум омад боз.
Бар замин кишти осмонгунро
Инак аз лола анчум омад боз.
Аз шукуфа дарахти кайди заранг
Бо забарпуши қоқум омад боз.
Бар гиребони гул чу гуй гирех.
Ғунча чун тугма саргум омад боз.
Буд чун мор мухрае в-аз хор
Неш бар дум чу каждум омад боз.
Сабза сахро чу чашм равшан кард,
Равнақаш бахри мардум омад боз.


Хам дилбари ман бо ман дилдор шавад рӯзе,
Хам гулшани бахти ман бехор шавад рӯзе.
Андар раҳи у набвад чон кандани ман зоеъ,
Он кас, ки зи ишки у бемор шавад рӯзе.
Худро ба умеди он дилшод ҳамедорам,
К-он кас ки гамаш хурдам, гамхор шавад рӯзе,
Бошад, ки шабе моро шукре бувад аз васлаш
В-ар не, гила аз хачраш ночор шавад рӯзе.
Бинмуд маро ишкаш осону надонистам,
К-ин кор бад-ин ҒОЯТ душвор шавад рӯзе.
Хамчун нафаси Исо дар мурда дамад рухе,
Он кас, ки зи ишки у бемор шавад рӯзе.
Аз сиккаи мехри у мухр ар чу дирам гирӣ
Аз накди ту хар як чав динор шавад рӯзе.
Дар дидаи дил худро бар ханчари у зан, Сайф
К-он мург, ки накшандаш, мурдор шавад рӯзе.
Бе моҳи рухаш бахтам шабхост, ки мехусбад,
Давлат бувад, ар ногах бедор шавад рӯзе.
Он ғам, ки хамеомад аз хар тарафе дах-дах,
Гар кам накунад як-як, бисьёр шавад рӯзе.
Бо мехнати ишки ту уммед хамедорам,
К-«ин давлати сармастам хушьёр шавад рӯзе».


Маро боз иттифок, афтод ишки сарвболое,
Ки хуснаш мачлисафрӯз асту руяш оламорое.
Маро султони хуснаш гуфт: «-Агар аз бахри мо дорй
Диле пурхун зи андухе, cape машхун зи савдое,
Ба хар боде макун пурчин чу руйи об пешонй,
К-аз ин сон мавчи андухро диле бояд чу дарёе».
Аё бе ишки ту чун май равонам фитнаангезе,
Аё бе зикри ту чун най забонам бодпаймое,
Ба ширинй сухан моро забонат кард сайд, оре,
Ту сайёди магасгирию доми туст халвое.
Самои номат, эй дилбар, маро кардаст саргардон,
Биё, дасте бизан, то ман зи худ берун нихам пое.
Агар мулки ду оламро ба ман бахшй, яқин медон,
Ки напсандам икоматро бурун аз куйи ту чое.
Ба бахти хешу ройи ту тавон андар ту пайвастан,
Кучо бошад чунон бахту каят афтад чунин рое?
Чу васлат орзу дорам, нахохам зистан бе ту,
«Раво дорй, ки ман мискин бимирам дар таманное».
Намедонам, бад-ин толеъ ба рӯзи васл чун орад
Шаби ҳичрони Лайлиро чу Мачнун ношикебое.
Ба чуз ошик набинад кас чамоли руи чононро,
Намудан кори хуршед асту дидан кори биное.
Азизи Миср нашносад, ки уро кист дар хона,
Камоли хусни Юсуфро надонад чуз Зулайхое.
Чу Саъдй Сайфи Фаргонй чаҳонро узр мегуяд:
«На ман танхо гирифторам ба доми зулфи зебое»,


Эй куйи ту зи руят бозори гулфурушон,
Мо булбулони мастем аз баҳри гул хурушон.
Бозори хусн дорй, дукон дар у малоҳат,
В-он ду акики ширин дар вай шакарфурушон.
Хуни чигар, назар кун, савдопазони худро
Бо гуштпораи дил дар деги сина чушон.
Хоҳад, ки гирди куят девонасар нагардам,
Чун ру ба ман намуди, дигар зи ман мапушон.
Хар шаб зи бори ишкат дар гушаҳои хилват,
Гардун фигон барорад аз нолаи хамушон.
Бо мехнате, ки доранд аз ошноии ту,
Бегонагон шунуданд овози гуфтугушон,
Ман тухфа аз дил мекунам, наздики чонон мебарам,
В-ар низ гуяд: «чон бидех», ман банда фармон мебарам
Чун ман гадои хеч кас чуз чон надорам дастрас,
Маъзурам ар пои малах назди Сулаймон мебарам.
Ман кори ишқи дустро осон хаме пиндоштам,
Боре гарон бардоштам, афтону хезон мебарам.
Гар теғ бар руям занад, ру барнагардонам аз у,
Бо дуст ахде кардаам, лобуд ба поён мебарам.
Хар шаб ба овози сагон оям ба куйи дилситон,
Оре, ба бонги булбулон pax суйи бустон мебарам.
Он дуст пойи хештан дар домани ман мекунад,
Хар гах, ки бахри фикри у cap дар гиребон мебарам.
То зад гамаш чавгони худ бар аспи майдонии ман,
Ман гӯйи давлат хар замон аз подшохон мебарам.
В-аз хасрати он дустон чун Сайфи Фаргонй сухан,
Гавхар ба суйи маъдану лулу ба Уммон мебарам.
Чун Саъдй аз руйи вафо мегуям, эй кони сафо,

«Ман дуст медорам чафо, к-аз дасти чонон мебарам».


Бикшой лаби ширин, бозори шакар бишкан,
Бинмой рухи рангин, номуси қамар бишкан.
Чун чашми тарам дидй, лаб бар лаби хушкам нех,
Он шарбати хичронро талхй ба шакар бишкан,
Дунё зи дахони ту мухр аз хамушй дорад,
Он турфа ғазал бархон в-он мухр ба зар бишкан.
Гар кони Бадахшонро санг аст ба ру ранге,
Ту хуккаи дур бикшо, сангаш ба гухар бишкан.
В-ар найшакари мисрй аз канд занад лофе,
Ту хушк наботашро з-он шаккари тар бишкан.
Дил ганҷи зар аст уро, дар баста хамедорам,
Даст они ту, зар бистон, хукм они ту, дар бишкан.
Дар каффаи мизонат Каъба чй бувад? Санге,
Эй киблаи чон, з-он дил номуси ҳаҷар бишкан...
Рав бар сари куйи у биншину ба дасти худ
Пое, ки хамебурдаст хар су ба сафар, бишкан.
Чун Сайф ба куйи у бояд ки дуруст ой,
Худ ишк, туро гуяд, к-аз худ чй кадар бишкан.
Месазад, гар чон дихам, чун дилситоне ёфтам,
Бигзарам аз хорхо, чун гулситоне ёфтам.
Ханда хамчун гул занам, чун навбахорон даст дод,
Нола чун булбул кунам, чун бустоне ёфтам.
Безабонам баъд аз ин, чун дустро бишнохтам,
Бенишонам баъд аз ин, к-аз вай нишоне ёфтам.
Кӯҳи мехнат канд чонам солхо фарходвор,
Лочарам, ширинтар аз чон дилситоне ёфтам.
Аз факироне дар ин pax боркаш хамчун шутур,
Тарки бору хар гирифта корвоне ёфтам.
Эй дил, эй дил, гам махур, чун ман зи тарки ҷони худ
Бахри pax зоду барои хона ноне ёфтам.
Аз алафзори чаҳон чун гуспандам дур шуд,
Гургро андар рама хамчун шубоне ёфтам...
Андар ин дунёи дун дарвеши сохибзавкро
Рост хамчун гавхаре дар хокдоне ёфтам.
Офтоби ишк, чони Сайфи Фаргонй бидид, .
Гуфт: «ҳангоми тулуъ аст, осмоне ёфтам».
Эй киблаи ҷон , ҳар шаб бар хоки дарат ошиқ
Чун каъбаравон дода бар руи ҳаҷар буса.
Чун ҷавфи садаф уро пурдур даҳане бояд,
В-он гоҳ талаб кардан з-он дурҷи гухар буса.
Хохй, ки шакар борад аз чашми чу бодомат,
Рав ойина бин аз худ бистон ба назар буса.
Чун хоки сари куят оҳанги ҳаво карда
Бар зарра ба мехри дил дода маху х(в)ар буса.
Хар чо ки ту бархезй, аз пои ту бистонад
Занчири сари зулфат чун халқа зи дар буса.
Лутфат, ки чу андеша ҳад нест канорашро,
Аз руи ту инъоме дидем, магар буса.
Сайф ар зи ту мехоҳад буса, ту бар у механд,
К-аз лаъли ту хам бошад гар хандаю гар буса
Гар пои ракибонат бусанд муҳиббонат,
Тарсо зи пайи Иco зад бар суми хар буса.