Сайқалӣ
Зоҳир
Таърихи таваллуд: | 1730 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1798 |
Навъи фаъолият: | шоир |
Собир Сайқалии Ҳисорӣ (1730, Ҳисор, НТҶ — 1798) — шоири узбек.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сайқалӣ соли 1730 дар Ҳисори Шодмон таваллуд шудааст. Ӯ аз хурди соҳибақлу соҳибзаковат ва хушзеҳн буд. Аз ҳамин сабаб бештари авқоти худро барои омӯхтани мероси адабии шуарои форсу турк масруф менамуд. Аз ҷумла осори Саъдӣ, Румӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Навоӣ, Машраб, Фузулӣ ва дигар шоиронро бо шавқу завқ меомӯхт.
Мероси адабии шоир бо забони узбекӣ иншо гардидааст. «Равзату-ш-шуҳадо», «Баҳром ва Гуландом», «Аҳтамнома» ва дигар осори манзуми ба мо мерос гузаштааст. мавзӯ ва мундариаҷи осори ӯ бештар ҷанбаи динӣ-ахлоқӣ дошта барои тарбия инсон комил нигаронида шудааст.
Соли 1798 аз олам чашм пушидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Abdullayev V., Oʻzbek adabiyoti tarixi, 2kitob, T., 1967