Jump to content

Сакоиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сакоиҳо
Нигора
Забони модарӣ забонҳои скифӣ[d]
Макони кунунӣ
Depicted by Histories[d] ва Book of Genesis[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сакоиҳо, сакоҳо (юн.-қад. Σκύθης, Σκύθαι, номи қавмӣ: Skolot[1][2]) — номи қабилаҳои эронизабон (аксаран кучманчиён), ки дар ҳазораи 1 то мелод ва асрҳои аввали милод зиндагӣ мекарданд.

Дар бораи сакоиҳо доир Авесто, таърихномаҳои ошуриҳо, ки ба солҳои 641—640 то мелод дахл доранд, дар манбаъҳои антиқӣ, катибаҳои эронии бостон, солномаҳои хитои, маъхазҳои ҳиндӣ ва ғайра маълумот дарҷ шудааст (Дар маъхазҳои антиқӣ одатан сакоиҳо ва скифҳо ба як маъно омадаанд). Дар катибаҳои эронии бостон се гурӯҳи сакоиҳо ном бурда шудаанд: сакоиҳои хавмаварг (дар асарҳои муаллифони антиқӣ аморгихо), сакоиҳо и тиграхавд («кулоҳборик») ва сакоиҳои «он сӯи баҳр» (яъне скифҳои назди Баҳри Сиёҳ). Дар адабиёти муосири илмӣ қабилаҳои бостонии ноҳияҳои шимолӣ ва шарқии Осиёи Миёна, Қазоқистон, Туркистони Шарқӣ бар хилофи массагетҳои ба онҳо хеши назди баҳрҳои Аралу Каспий ва скифҳои шимоли назди Баҳри Сиёҳ сакоиҳо номида шудаанд. Дар охири асри VI ва ибтидои асри V то мелод як қисми сакоиҳоро шоҳони Эрон (аз сулолаи Ҳахоманишиён) ба худ тобеъ карданд ва аз онхо андоз ва аскар мегирифтанд; сакоиҳо аз тарафи лашкари форсиён дар ҷангҳои Юнону Эрон (500—449 то мелод) иштирок карданд, дар вилоятҳои гуногуни Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ хизмати ҳарбиро ба ҷо меоварданд. Машғулияти асосии сакоиҳо чорводории кучӣ буд; гурӯҳҳои алоҳидаи онҳо ба ҳаёти муқими мегузаштанд. Дар маҳалҳои сакоиҳои Осиёи Миёна ҷамъияти синфӣ ба вуҷуд меомад. Дар байни сакоиҳо раванди ба табақаҳои иҷтимоӣ ҷудошавӣ оғоз меёбад; табақаи аъёни сакоиҳо сарват меғундошт; дар баробари ин муносибатҳои авлодию қабилавӣ низ мавқеъ доштанд. Миёнаҳои асри III то мелод як гурӯҳ қабилаҳои сакоиҳо ба хоки Порт зада даромаданд ва дар ташкилшавии Шоҳаншоҳии Ашконӣ саҳм доштанд. Баъдтар ин қабилаҳо ба маҳалли Дрангиён даромада, дар он ҷо муқимӣ шуданд ва ба Дрангиён номи Сакистон («мамлакати сакоиҳо», ҳозира Систон)-ро доданд. Дар охири асри II ва нимаи аввали асри I то мелод сакоиҳо ба Ҳиндустони Шимолӣ cap дароварданд. Дар қаламрави ҳозираи Осиёи Миёна, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустони Шимолӣ дар асрҳои аввали солшумории мо сакоиҳо, эҳтимол, бо халқҳои маҳаллӣ ва қабилаҳои кучманчӣ омехта шуданд. Дар Туркистони Шарқӣ (Хутан) забони онҳо то асри X солшумории мо боқи монд. Сакоиҳо дар этногенези халқҳои Осиёи Миёна, Афғонистон ва Ҳиндустони Шимолӣ мавқеъи калом доштанд.

Ëдгориҳои мадании сакоиҳоро бостоншиносони советӣ дар маҳалҳои ҷануби Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон кашф карданд. Сакоиҳо асосан худои олӣ — Офтобро мепарастиданд. Ба санъати сакоиҳо тасвири ҳайвонот хос аст. Эпоси сакоиҳо хеле бостонию хеле бой аст.

  1. "История" от Геродота, параллельно на английском/греческом: Книга 4, Параграф 6(пайванди дастнорас — таърих). www.sacred-texts.com. 4 августи 2017 санҷида шуд.
  2. Греческий суффикс -oi не относится к самоназванию.
  • Сакоиҳо / X. Муҳиддинов, К. Бобоев // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).