Jump to content

Саллабандон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Саллабандон

Яке аз расмҳои суннатии таркиби ҷашни арўсӣ ва хатнасури тоҷикон. Дар деҳаҳои Яғноб он пас аз баргузории маросими сартарошони домод сурат мегирифт. Бобо ё яке аз хешони наздики куҳансолу рўзгордида ба сари шаҳ саллаи сафедро ба таври махсус мебаст ва ба домод дуои нек медод. Дар баъзе аз деҳоти Ҳисор одате буд, ки пас аз тўй салла ё дастори сафедро ягон зани беписар бо нияти писардоршавӣ аз сари домод мегирифт ва онро то тўйи арўсии писари худ бо мурод нигоҳ медошт. Дар Мастчоҳ, Яғноб, Ҳисор дар ҳолати азбайнравӣ қарор дорад. [1]

1. Мирзоев С. Суннатҳои маҳаллии мардуми Яғноб. Д., 2007; 2. Мардонова А. Традиционная свадьба таджиков гиссарской долины. Д., 2002; 3. Шарифова М. Маросимҳои тўи арўсии мардуми ноҳияи Мастчоҳ. Д., 2005;

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 91