Салоҳиддин Сироҷиддинов
Салоҳиддин Сироҷиддинов (тав. 27. 09. 1930, шаҳри Ӯротеппа – ваф. 16. 06. 1998, шаҳри Ӯротеппа), муаррих, номзади илмҳои таърих (1963), дотсент (1972).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1948 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ӯротеппаро хатм кардааст. Солҳои 1951–1956 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1948–1950 мудири қисми таълими ноҳияи Ғарм, 1950–1954 муаллими мактаби миёнаи ба номи Сталини ноҳияи Ғончӣ, 1956–1958 мудири қисми таълими мактаби миёнаи ба номи Синои ноҳияи Восеъ, 1959–1962 аспиранти Институти шарқшиносии АИ ИҶШС, 1963–1970 муаллими калони кафедраи таърихи ИҶШС, 1971– 1996 муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев буд. Муаллифи зиёда аз 4 асар ва 60 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ аст. Оид ба ҳаракати миллию озодихоҳии халқҳои араб баъди ҷанги дуюми ҷаҳон кори илмӣ бурдааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳаракати миллӣ-озодихоҳии халқҳои араб баъди ҷанги дуюми ҷаҳон, солҳои 1945–1974, Д., 1975;
- Национально-освободительное борьба арабских народов после второй мировой войны, 1945–1975г., Д., 1975;
- Новая Республика на Арабском Востоке // Коммунисти Тоҷикистон, Д., 1962, №20;
- К собитиям на Арабском Востоке // Коммунисти Тоҷикистон, Д., 1962. №6.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |