Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси намояндагон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси намояндагон - Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар дохили Маҷлиси намояндагон мавқеи калон дошта, мақоми доимо амалкунандаи ёрирасон ва ҳисоботдиҳанда буда, барои амалӣ гардонидани салоҳияти Маҷлиси намояндагон масъул мебошад. Шӯрои Маҷлиси намояндагон салоҳияти зерин дорад:

1) ташкили тайёрии ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон;

2) таҳия кардани лоиҳаи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон;

3) мураттаб сохтани фаъолияти кумитаю комиссияҳо;

4) таъмини ҳамкорӣ ба Маҷлиси миллӣ, Шӯрои Маҷлиси миллӣ;

5) ташкили банақшагирии корҳои вобаста ба тартиб додани лоиҳаи қонунҳо;

6) пешакӣ баррасӣ намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳо;

7) таҳлили таклифу эродҳои вакилон, ки дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон изҳор шудаанд ва аз рӯйи онҳо қабул шудани қарорҳои дахлдор;

8) ташкили робитаҳои байнипарлумонии Маҷлиси намояндагон;

9) таъмини назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон;

10) созмон додани комиссияҳо аз рӯйи масъалаҳое, ки ба салоҳияташон дохил мешаванд;

11) ба амал баровардани ваколатҳо вобаста ба кори Маҷлиси намояндагон ва аз ҷониби вакилон самарабахш ба ҷо овардани ваколатҳо.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси миллӣ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 408