Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Маҷлиси намояндагон)
Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Симмати мудирияти созмон Speaker of the Assembly of Representatives[d]
Кишвар
Қонунӣ барои Тоҷикистон
Миқдори курсиҳо 63
Вебгоҳи расмӣ parlament.tj(тоҷ.)(рус.)(англ.)
Schematic

Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — палатаи поёнии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муҳлати ваколати палата 5 сол аст.

Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси Намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.

Салоҳияти Маҷлиси Намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Бинои нави порлумони Тоҷикистон, соли 2024
  • Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
  • Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
  • Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  • Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
  • Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
  • Таъини раъйпурсӣ;
  • Таъсиси судҳо;
  • Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
  • Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
  • Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъйин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;
  • Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва унвонҳои махсус;
  • Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташ қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад. Иҷрои қарорҳои Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст. Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияхоро дар сурати ба Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накардани онҳо бекор мекунад. Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешӣ ва масъулият дар назди халқ ба амал мебарорад. Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ ҳокимияти қонунгузориро ба амал бароварда, санадҳои зерин қабул мекунад:

  • қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кумитаҳо ва комиссияҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
Бинои нави порлумони Тоҷикистон, соли 2024
Бинои нави порлумони Тоҷикистон, соли 2024, шомгоҳ
  • Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
  • Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният
  • Кумита оид ба иқтисод ва молия
  • Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин
  • Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот
  • Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон
  • Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ
  • Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ
  • Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия
  • Комиссияи экологии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоб намудани Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Интихоботи соли 2000

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» 27 феврали соли 2005 интихобот ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати II (2000-2005) баргузор гардид.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати II  (2000-2005)
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати II (2000-2005)

Натиҷаҳои интихобот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Интихоботи соли 2005

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» 27 феврали соли 2005 интихобот ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати III (2005-2010) баргузор гардид.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати III  (2005-2010)
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати III (2005-2010)

Натиҷаҳои интихобот

[вироиш | вироиши манбаъ]


Дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои 22 мандат аз ҷониби 6 ҳизби сиёсӣ, 61 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардиданд ва ба қайд гирифта шуданд. Дар ҳавзаҳои якмандатӣ ба вакилии Маҷлиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 209 номзад пешбарӣ гардид, ки 170 нафар ба қайд гирифта шуда буданд. Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои 22 мандати вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ҳизби сиёсӣ: Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мубориза бурданд. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон , Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳадди 5-фоизаро гузаштанд.

Аз шумораи умумии вакилон 11 нафар занон мебошанд. Дар байни вакилони Маҷлиси Намояндагон 11 нафар - ҳуқуқшинос, 12 нафар - муҳандис, 7 нафар - иқтисодчӣ, 3 нафар - агроному зоотехник, 26 нафар - омӯзгор, 1 нафар - духтур, 1 нафар - рӯзноманигор, 1 нафар - китобшинос, 1 нафар - мутахассиси равобити байналмилалӣ, 2 нафар - байтор фаъолият мекарданд. Аз ҷумла - 3 нафар узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, 7 нафар - доктори илм, 11 нафар - номзади илм.

Интихоботи соли 2010

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҳлиси Олии ҶТ» 28 феврали соли 2010 интихобот ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV (2010-2015) баргузор гардид.

Натиҷаҳои интихобот

[вироиш | вироиши манбаъ]
Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV (2010-2015)
Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV (2010-2015)
Ҳизбҳо Овоз % Курсӣ
Дар ҳавза Феҳристи ҳизбӣ Ҷамъ +/-
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон71,69 %391655
Ҳизби аграрии Тоҷикистон6.10022
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон5.22022
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон0,47000
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон7,22022
Ҳизби демократии Тоҷикистон0,84000
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон7,74022
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон0,72000
Ҷамъ1003924630
Иштироки интихобкунандагон /сабтиномшуда87.7----
Манбаъ: [1][2]

Интихоботи соли 2015

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҳлиси Олии ҶТ» 1 марти соли 2015 интихобот ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V (2015-2020) баргузор гардид.

Натиҷаҳои интихобот

[вироиш | вироиши манбаъ]
Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V (2015-2020)
Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V (2015-2020)
Ҳизбҳо Овоз % Курсӣ
Дар ҳавза Феҳристи ҳизбӣ Ҷамъ +/-
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон65.4351651-4
Ҳизби аграрии Тоҷикистон11.7235+3
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон7.5123+1
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон5.5011+1
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон2.22020
Ҳизби демократии Тоҷикистон1.7101+1
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон1.6000-2
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон0.50000
Ҷамъ1004122630
Иштироки интихобкунандагон /сабтиномшуда87.7----
Манбаъ: Asia Plus, IPU

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати

ҲизбФоизКурсӣ
     Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон65,4 %,51 / 63
     Ҳизби аграрии Тоҷикистон11,7 %5 / 63
     Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон7,5 %3 / 63
     Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон5,15 %1 / 63
     Ҳизби демократии Тоҷикистон1,7 %1 / 63
     Ҳизби коммунистии Тоҷикистон2,2 %2 / 63
     Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон0,5 %0 / 63
     Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон1,6 %0 / 63

раъйи интихобкунандагонро касб намуданд.

Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав ҲХДТ-ро 16 нафар, ҲАТ-ро — 3 нафар, ҲИИТ-ро 2 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд. Ба иттилои манбаъ, дар интихобот 4 млн. 319 ҳазору 395 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 млн. 791 ҳазору 827 нафар овоз доданд. Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[3]

Интихоботи соли 2020

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҳлиси Олии ҶТ» 1 марти соли 2020 интихобот ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI (2020-2025) баргузор гардид.

Натиҷаҳои интихобот

[вироиш | вироиши манбаъ]
Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI (2020-2025)
Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI (2020-2025)
Ҳизбҳо Овоз % Курсӣ
Дар ҳавза Феҳристи ҳизбӣ Ҷамъ +/-
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон50.40351247-4
Ҳизби аграрии Тоҷикистон16.50347+2
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон16.61145+2
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон5.150110
Ҳизби демократии Тоҷикистон5.100110
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон3.112020
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон0.320000
Ҷамъ4,245,9511004122630
Иштироки интихобкунандагон /сабтиномшуда4,929,12886.1----
Манбаъ: RFERL, Asia Plus

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати

ҲизбФоизКурсӣ
     Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон50,40 %47 / 63
     Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон16,61 %7 / 63
     Ҳизби аграрии Тоҷикистон16,50 %5 / 63
     Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон5,15 %1 / 63
     Ҳизби демократии Тоҷикистон5,10 %1 / 63
     Ҳизби коммунистии Тоҷикистон3,11 %2 / 63
     Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон0,32 %0 / 63

раъйи интихобкунандагонро касб намуданд.

Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: ҲХДТ-ро 12 нафар, ҲАТ-ро — 4 нафар, ҲИИТ-ро 4 нафар, ҲДТ-ро 1 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.[4]

4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, 52 ҳазору 30 нафар ё 1,39%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ: ҲХДТ — 35 нафар, ҲАТ — 3 нафар, ҲКТ — 2 нафар ва ҲИИТ — 1 нафар пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[4]

Интихоботи соли 2025

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҳлиси Олии ҶТ» 2 марти соли 2025 интихобот ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII (2025-2030) баргузор гардид.

Натиҷаҳои интихобот

[вироиш | вироиши манбаъ]
Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII (2025-2030)
Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII (2025-2030)
Ҳизбҳо Овоз % Курсӣ
Дар ҳавза Феҳристи ҳизбӣ Ҷамъ +/-
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон51,9371249
Ҳизби аграрии Тоҷикистон13,1257
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон12,7235
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон5,3011
Ҳизби демократии Тоҷикистон5.1011
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон1,9000
Ҷамъ4,712,967100412263
Иштироки интихобкунандагон /сабтиномшуда4,712,96785,3----
Манбаъ: parlament.tj/deputats Бойгонӣ шудааст 1 июни 2023  сол., khovar.tj

Аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба ҷонибдории рӯйхати

ҲизбФоизКурсӣ
     Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон51,912 / 63
     Ҳизби аграрии Тоҷикистон215 / 63
     Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон12,73 / 63
     Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон5,31 / 63
     Ҳизби демократии Тоҷикистон5,11 / 63
     Ҳизби коммунистии Тоҷикистон1,90 / 63

раъйи интихобкунандагонро касб намуданд.

Дар маҷмуъ 4 миллиону 712 ҳазору 967 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 85,3 фоизи шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, 50 ҳазору 895 нафар ё 1,1 фоизро ташкил медиҳад.[5]

Раисони Маҷлиси Намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]