Jump to content

Самад Вурғун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Самад Вурғун
озарбойҷонӣ: Səməd Vurğun
Ном ба ҳангоми таваллуд: озарбойҷонӣ: Səməd Yusif oğlu Vəkilov
Тахаллусҳо: Vurğun
Таърихи таваллуд: 21 март 1906(1906-03-21)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 27 май 1956(1956-05-27) (50 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Жанр: байт, шеър[d] ва намоишнома[d]
Забони осор: озарбойҷонӣ
Ҷоизаҳо:
ордени Ленин ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Stalin Prize, 2nd degree Stalin Prize, 2nd degree Honored Art Worker of the Azerbaijan SSR
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Самад Вурғун (тахаллус; ном ва насаби аслияш Самад Юсуф-ӯғлӣ Вакилов; 21 марти 1906, деҳаи Солахлии уезди Қазах, Озарбойҷон 27 майи 1956, Боку) — шоир, нависанда ва ходими давлатию ҳизбии Озарбойҷон. Яке аз асосгузорони мактаби назми муосири озарӣ. Раиси ИН Озарбойҷон (1941), академики АИ Озарбойҷон (1945), Шоири халқӣ (1956) ва Ходими хизматнишондодаи санъати Озарбойҷон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар 6-солагӣ аз модараш Маҳбубахонум ятим монда, зери тарбияи модарбузургаш Оишахонум ба воя расид. Пас аз хатми мактаби русӣ ва озарии Қазах (1913-18), аз соли 1923 таҳсилро дар шуъбаи тоторӣ-озарбойҷонии Омӯзишгоҳи омӯзгории Моварои Қафқоз давом медиҳад (соли 1918 ин омӯзишгоҳ аз Гурҷистон ба Озарбойҷон кӯчонда шуд). Пас аз барқарор шудани ҳокимияти шӯравӣ дар Озарбойҷон (1920), Самад Вурғун дар маҳаллаҳои озаринишини Басаркечи ноҳияи Вардеш, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Кировобод, Қазах ва Кӯбаи Арманистон омӯзгор шуд. Оҳанг ва сурудҳои халқие, ки аз тарафи падари Самад Вурғун — Юсуфоғо иҷро мешуданд, ҳисси зебоипарастӣ ва завқи эҷодгариро дар дили ӯ бедор намуданд. Асарҳояш аз соли 1924 чоп шудаанд. Ӯ соли 1928 ба шаҳри Ганҷа (зодгоҳи Низомӣ) рафт. Дар мактаби ҳизбии округи Ганҷа омӯзгориро давом дод.

Муҳити иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии шаҳри Ганҷа неруи эҷодии ӯро тақвият бахшид. Маҷмӯаҳои «Савганди шоир» (1930) ва «Шамъи рахшон» (1932) маҳсули фаъолияти ҳамон давраи ӯ мебошанд. Ӯ солҳои 1929-31 ба Русия омада дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил кард ва ба омӯхтани адабиёти рус таваҷҷуҳ намуд. Баъди ду сол ба Боку баргашта, таҳсилро дар аспирантура идома дод. Асари «Достони комсомолӣ» (1933, нотамом)-ро навишт. Соли 1934 ба сабаби котиби масъули нахустин Анҷумани нависандагони Озарбойҷон таъйин гардидан, таҳсилро дар аспирантура қатъ намуда, бештар ба эҷоди асарҳо дар мавзӯи ватандӯстӣ машғул шуд: асарҳои «Курсии қатл» (1934), «26» (1935) ба ӯ маъруфият оварданд. Дар Анҷумани якуми ИН ИҶШС ҳамчун вакил иштирок ва маърӯза карда, бо М. Горкий, М. Турсунзода ва дигар адибони машҳур шинос шуд. То соли 1940 асарҳои «Евгений Онегин»-и А. С. Пушкин, «Палангинапӯш»-и Ш. Руставели, «Духтар ва марг»-и М. Горкий, силсилашеърҳои И. Чавчавадзе, достони «Баҳори халқҳо»-и Ҷ. Ҷабаев, рубоиёти Хоқонӣ ва ғ.-ро тарҷума карда, ба табъ расонд. Инчунин ӯ драмаи таърихӣ-қаҳрамонии «Воқиф»-ро аз рӯзгори классики адабиёти Озарбойҷон Муллопаноҳи Воқиф эҷод намуд, ки ин асар соли 1941 сазовори Ҷоизаи сталинӣ гардид. Самад Вурғун забони форсиро хуб медонист. Ӯ соли 1942 достони «Лайлию Маҷнун»-и «Хамса»-и Низомии Ганҷавиро ба забони озарӣ ба табъ расонд. Дар пайравӣ аз достони «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ драмаи таърихӣ-қаҳрамонии «Фарҳоду Ширин»-ро офарид. Ин асар дар давраи ҶБВ (1941- 45) дар театрҳои шӯравӣ чанд бор ба намоиш гузошта шуд ва соли 1942 сазовори Ҷоизаи давлатии ИҶШС гардид. Эҷодиёти Самад Вурғун дар рушди забон ва услуби назми муосири озарбойҷонӣ низ таъсири судманд расонд. Достони «Сухани модарон»-и ӯ (1941) дар мавзӯи зиддифашистӣ аст. Дар солҳои ҶБВ дар мавзӯи ватандӯстӣ, дӯстии халқҳо низ асарҳо офаридааст: «Партизанҳои Украина» (1942). Достонҳои «Ҳабашӣ гап мезанад» (1948), «Ёддоштҳо дар бораи Аврупо» (1947-50), «Мутолиаи осори Ленин» (1950), «Парчамбардори аср» (1954) ва силсилашеърҳои «Китобҳои сӯхта» (1947) ба шароити замони зиндагии Самад Вурғун бахшида шудаанд. Драмаи манзуми «Одам» (1945) низ аз таълифоти Самад Вурғун мебошад. Соли 1947 тоҷикон ва форсизабонон 800-солагии Низомиро ҷашн гирифтанд. Ба ин муносибат Самад Вурғун дар Боку, Тифлис ва Маскав дар ҷаласаҳои ба Низомӣ бахшидашуда дар мавзӯи «Низомӣ ва адабиёти Озарбойҷон» маърӯза кард. Самад Вурғун бо адибони тоҷик С. Айнӣ, М. Турсунзода ва А. Лоҳутӣ робитаҳои хуби дӯстона дошт. Самад Вурғун депутати Шӯрои олии Озарбойҷон (1948) ва Шӯрои Олии ИҶШС (1950) интихоб гардидааст. Эҷодиёти Самад Вурғун ба забонҳои гуногуни дунё, аз ҷумла ба тоҷикӣ низ тарҷума ва нашр шудаанд. Узви ИН ИҶШС аз соли1934.

  • Аҳмадов Т. Самад Вурғун. Боку, 1986;
  • Самадов Самад Вурғун Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал. Д., 1992;
  • Самадов Самад Вурғун Киштии ишқ аст дар дарёи дил// Ҷумҳурият,. № 117, 21. 9. 2010;
  • Краткая литературная энциклопедия. Т. 1. М., 1962.