Самардин Авғонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Самардин Авғонов
Самардин Саидович Авғонов
Санаи таваллуд:

26 декабри 1973

Зодгоҳ:

ноҳияи Темурмалик

Самардин Саидович Авғонов (тав. 26.12.1973, ш. Кӯлоб), забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои педагогӣ (2011), дотсент (2010).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1991–1996 дар факултети забонҳои хориҷии ДДОД таҳсил кардааст. Ҳамчунин солҳои 1991–1996 дар шӯъбаи ғоибонаи факултети филологияи тоҷик ва солҳои 1998–2002 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Донишгоҳҳои номбурдаро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1996–2004 ассистент, 2004–2006 муаллими калон, 2004–2008 мудири кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Солҳои 2008–2009 вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷумаи донишгоҳи омӯзгориро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2009 инҷониб декани факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

Муаллифи 2 монография ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ аст, ки дар онҳо масъалаҳои омода намудани муаллимони забони англисӣ, касбияти омӯзгор, қобилияти муаллимони мактабҳои олӣ ва афкори педагогии мутафаккирони тоҷикро мавриди баррасӣ қарор додааст. Бо ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз шудааст.

Осор[вироиш]

  • Профессиональная подготовка преподавателей английского языка для общеобразовательных школ, Д., 2009; Компютерные технологии как средство обучения иностранным языкам, Д., 2010;
  • Педагогические основы проектирование вузовских технологий обучения // Вестник Педуниверситета, Д., 2004, №1;
  • Профессионализм педагога в контексте задач творческого самоосуществления растущей личности // Вестник Педуниверситета, Д., 2004, №3;
  • Система работы в рамках авторской педагогической концепции // Вестник Педуниверситета, Д., 2004, №3; Профессионализм деятельности педагогических и руководящих работников // Вестник ТГНУ, Д., 2004, № 4; Структура профессиональных способностей преподавателя высшей школы // Вестник ТГНУ, Д., 2004,
  • № 4.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ