Самеъ Абдувосиев
Самеъ Азизович Абдувосиев | |
Таърихи таваллуд | 6 август 1903 |
Зодгоҳ | Самарқанд ҶШС Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт | 1 феврал 1957 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Пеша | олим |
Самеъ Азизович Абдувосиев (6.08.1903, гуз. Мотуруди ш. Самарқанд — 01.02.1957 Душанбе) — омӯзгор, олим.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Самеъ Азизович Абдувосиев дар ш. Самарқанд курси дусолаи муаллимтайёркуниро хатм карда (1921–23), дар мак. ибтидоӣ дарс додааст (1923-1926). Дар Тошканд дар САГУ таҳсил намудааст (1926-1930). Муал. биол. Техн. тоҷ. Тошканд (1931-32), омӯзгори анатомия ва физиологияи ҳайвоноти Мак. олии коммунистии хоҷ. қишл. Тошканд (1932-1935). С. 1936 бо даъвати Комиссариати маор. Тоҷикистон ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омада, аз фанҳои химия, анатомия ва физиологияи одам дарс гуфтааст(1936-1937). Муал. фанни биология Комбинати педагогии Ғарм (1937-1938), омӯзгори физиологияи одам дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино(1938-1940), омӯзгори кафедраи анатомия ва физиологияи одами ИПС ба номи Т.Г. Шевченко (ДОТ ба номи Т.Г. Шевченко) (1940-1943), ассис. кафедраи физиология ва муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1943-1957). Забонҳои тоҷикӣ, ӯзб., русӣ, тоторӣ, қазоқӣ ва қирғизиро хуб медонист. Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ҳамчунин бо кори илмӣ машғул шудаааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Китобҳои химия, мақолаҳои илмии оммавиро дар бораи хобу хоббинӣ, равоншиносӣ ва очеркҳои илмии сайёҳи машҳур Тур Хейердалро оид ба қитъаҳои гуногуни ҷаҳон аз заб. русӣ ба тоҷикӣ гардонидааст.
- «Луғати русӣ-тоҷикии биологӣ» (1939),
- «Луғати нимтафсирии русӣ-тоҷикӣ» (М., 1949),
- «Луғати русӣ-тоҷикии тиб»-ро (1945) тартиб додааст.
Мақолаҳои зиёди илмӣ – оммавиаш дар маҷ. «Мактаби советӣ» №11, 1947, №3, 1949, «Шарқи сурх», №8, 1953 ба табъ расидаанд. Бо ҷоизаҳои соҳавӣ қадр карда шудааст.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - С. 27 ISBN 978-99947-958-2-6