Самт (ситорашиносӣ)
Jump to navigation
Jump to search
Самт ва ё Азимут (ар. سمت ҷамъи - самт, сӯ) Азимути ҷирми осмонӣ ё азимути ягон ашё дар замин, кунҷи байни ҳамвории меридиани нуқтаи мушоҳида ва ҳамвории амудӣ, ки аз ин нуқта ва ҷирми мушоҳидашаванда (ё ашёи заминӣ) мегузарад. Азимут дар астрономия аз нуқтаи ҷанубии уфуқ ба самти ғарб, дар заминшиносӣ аз нуқтаи шимоии уфуқ ба самти шарқ ба андозаи камони уфуқӣ чен карда мешавад. Азимутро асосан ба воситаи мушоҳидаҳои ахтаршиносӣ муайян мекунанд. Азимути ашёи рӯизаминиро бо ёрии қутбнамо (компас)-и магнитӣ ҳам муайян кардан мумкин аст.
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.