Сангпартояк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сангпартояк — яке аз бозиҳои бачагона, ки дар фасли тобистон бозида мешавад. Бачаҳо дар лаби ҳавз ё наҳре гирд омада, сангчаҳои гирду ҳамвори тангашаклро ҷамъ мекарданд. Яке аз дигаре мепурсид: «чанд пиёла об мехўрӣ?». Ҳарифаш дар ҷавоб: «ду, се, ё чор пиёла» мегуфт. Сипас бачаи якум сангчаеро ба рўйи оби ҳавз ё наҳр чунон мепартофт, ки он чанд маротиба дар сатҳи об расида, баланд мешуд. Агар санг аз гуфтаи шарикаш бештар ба об расад, яъне як ё ду “пиёла” зиёд шавад, ҳариф ҳамон қадар ҷуръаоб менўшид.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Шермуҳаммадов Б. Назми халқии бачагонаи тоҷик. Душанбе, 1973.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 210